Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. МАЪБАДИ АРТЕМИДА

Вайронаҳои шаҳри Эфеси қадим дар Туркия.

Маъбади Артемида... Саввумин мӯъҷизаи олам, ки дар тӯли асрҳо дили мардуми билодҳои дуру наздикро тасхир намуда, овозааш аз шаҳр ба шаҳру аз кишвар ба кишвар мерафт ва қофилаи мусофирому зиёратгарони савораву пиёда аз даргоҳи ин маъбад канда набуд.

Он вақтҳо шаҳри Эфес дар канори дарёи Каистра ва соҳили баҳри Эгей ба арзу тӯл доман афрохта, чун калонтарин ва зеботарин шаҳри Осиёи Сағир шӯҳрат меёфт. Ба бандари ин шаҳр киштиҳои хурду бузурги тоҷирон аз Машриқу Мағриб молу матои камёфт ва ашёи нодир меоварданд. Бозорҳои серодам ва тиму токҳои бошукӯҳ пур аз савдогарони гуногунлибос ва аҷоибсурат буда, ҳар кадом молу амволи хешро бо забону шеваи хос ситоиш мекард. Аз субҳ то шом дар саҳни бандар ва андарӯни киштиҳои назаррабо маллоҳону нохудоён ҷунбуҷӯл карда, тараддуди сафари навбатиро медиданд. Бодбонҳои рангоранги киштиву заврақҳо дар ҳавои насими баҳр ҷилва намуда, шукӯҳи шаҳри Эфесро меафзуданд. Ҳаммолони гандумгуну ҳабаш говсандуку бағоҷҳои хурду бузург бар дӯш чун мӯрчагон миёни бандару бозор тор метаниданд. Такар – туқури аробаву

пешина
аз 84
навбатӣ