Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор гӯшаи олам, писари Камбучия, шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шоҳои салтанати абадӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук - худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амқинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбучия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони ғарб тамомаш хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад... ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеъанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маъбидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маъбидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки "шодии дил" ном доранд, боз гардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам.
Куруши Кабир дар лаҳзаҳои фароғат ва танҳоии соябустонҳои афсонаосои Боғи Муаллакро меписандид. Сояҳои наҳли хурмо, зайтуну афлесун, себу чормағз ва анвои дарахтони мевабор ва сояафкан ӯро аз гармои ҷигарсӯз наҷот мебахшид. Гулу гулбуттаюи муаттар ба ёдаш диёри афсонавии Эрони бостонро меовард. Ва ӯ ба қудрати инсон, ки дар оғӯши биёбони ҷонсӯз як мӯъҷизаи беамсоли табиатро офаридааст, аҳсант мехонд. Ӯ дар саробустони хеш ва дар пойтахти навбунёдаш чаҳорбоғҳои зиёде дошт. Аммо ягон қасру чаҳорбоғаш мисли Боғи Муаллак барояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё