Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Мӯбади пир аз дарвозаи мӯҳташами Иштар, кӯчаву хиёбонҳои хуштарҳу рост, девори баланду дорои бурҷҳои дидбонӣ ва манораи бузургу то домани осмон ёзидаи шаҳри Бобул ҳикоят мекарду орзуи дидани ин мӯъҷизаҳои нотакрор дар дили кӯчаки шоҳдухтар бедор мегашт.

Солҳо гузаштанд ва акнун бо амри қисмат қофилаи корвони домоду арӯс аз васати биёбони беканор сӯи шаҳри Бобул мехазид. Уштурон бори гарони ғаниматҳо бар дӯш ва сарбозони савораву пиёда аз чаҳор ҷониби корвон саф ороста дар ҳавои бонги якнавохти зангӯлаҳо гом мениҳоданд. Маликаи хастаҳол рӯи тахти равон бар сояи чатри сабзфоме якмаром алвонҷ хӯрда, чашм аз дуриҳои биёбони тафсону дилгиркунанда намеканд. Аз нафаси гармсел ва манзараи якмароми биёбони беохир, ки гӯё бар домани осмон часпида буд, дам ба дам дилаш фишор мехӯрд ва ёди дарахтони сарсабзу насими гуворои кӯҳистон, силсилаҳои боғу роғи кӯҳдоману навои рӯҳангези рӯду дарёҳои диёр дар вуҷудаш бедор мегашт. Оқибат баъди чандин ҳафтаи сафар дар дами ғуруби офтоб аз дуродур бурҷҳои дидбонии болои ҳисор ва манораи баланду мӯҳташаме намудор шуд. Партави шафақгуни офтоб ба қуллаи манора афтида, дар канори биёбони бедолу дарахт чун мӯъҷизае ҷилва мекард.

Дарвозаи Иштар.

пешина
аз 84
навбатӣ