Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ба қафо баргашт ва бо дасташ сағрии аспро тела дод. Ӯ ба назди модараш омад, ки чашм мегурезонду чизе намепурсид.
Аммо падар чаҳори рӯзи расо барнагашт, ки ӯ омаданашро хуб ҳам интизорӣ кашид. Ниҳоят баргашту рӯзгори пештара оғоз шуд. Аммо рӯзгори собиқа на ҳамеша маънои хуб дорад. Баъди ҳамон ранҷиш миёни падару модар дигар созише набуд. Рӯзҳо қариб, ки гап намезаданд бидуни «Бираву Биёр»: шабҳо аз ин ҳам бадтар. Падар ба рӯйи кати болояш пашми шутур густурида кӯчид, аммо Пӯлод дусе бор нимшабон бедор шуда падарашро дар паҳлӯяш наёфт ва боре ба гӯшаш садои пасту асабонии гуфтугӯ расид. Падараш пеши модар пуштинокӣ хобида, зонуи сиҳаташро дар оғӯш дошт, аммо модараш дар як гӯшаи бистар нишаста, бо ҷаҳл ба танбеҳаш суханҳое мегуфт.
— ...намедонам, намедонам — гуфт он дам падараш— Дигар чизе намехоҳам. Ҳарчӣ ҳаст бигузор ҳамон бошад.
«— Чизе ҳаст...» Агар ҳама чунин фикр мекарданд, пас чӣ мешуд? Худо ки надод — худат ёб, то ба кай чунин... Эҳ-э бо ту чӣ гӯям, одамон сар ба санг зада, ва агар иштирокчии ҷанг бошанд, ҳарчӣ хоҳанд талаб мекунанду меёбанд: ҳам кор мекунанду ҳам номус доранд. Ту бошӣ...
— Чӣ ман? Мукофотҳоям каманд магар? Дуруст, ки ман аз пушти мукофот надавидам. Ва ё чун мард ман барои ту... шояд... дигар лозим набошам? Агар чунин бошад, гап зан.
— Ман аз ин мавзӯъ чизе нагуфтаам. Умуман мегӯям.
— Хайр чӣ тур умуман? Мардум аз пову пар монд, дигар дар дасташон каланд дошта наметавонанд... Ҳама чунин зиндагӣ доранд, рӯзе ки гузашт шукри худо мекунанд. Афгор ки шуданд, дигар чизе не... Бо азоб бошад ҳам зиндагӣ кардан даркор.
— Дар ҳамин мургхона?
— Хайр дигар дар куҷо? Ин пончӯбин маро танҳо дар паҳлӯи ту халалдор намекунад... — Падар сари зону хесту китфони модарро ба оғӯш кашид, аммо ӯ бо як нерӯи ногаҳонӣ ӯро чунон тела дод, ки як лахт рафта қариб буд, ки меафтид:
— Бирав! Ту бо ман... чӣ, ту ҳазл мекунӣ?! Хм, чунин ҳазлро бо ҳамон роҳбарзани хилмаки худат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё