Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ҳаргиз чунин аҳволи бад набуд, ки баъди ин хабар. Соҳибхона ба ҳама бо чашми бад менигарист, ҳамчунон ба занаш ва дигар гапу хандаро як сӯ гузошта будандӯ интизор буданд, ки баъд чӣ хоҳад шуд...
Баъди ду рӯз, ҳангоми ба гирудори хона саргардон буданаш ногоҳ ҷониби дар нигаристу аз як рӯйдоди ногаҳонӣ поҳояш суст шуданд: дар шоҳаи тут... Нурқулӣ ҳарашро мебаст. Ӯ бесарусомон шуду ларзон-ларзон ангуштонашро мегазид ва чӣ кор карданашро намедонист... Ё, худоё, ин чӣ шармондагӣ! Ба хонаи зани як солу ҳафт рӯз аз шавҳараш ҷудошуда, шӯи пештарааш омад... одамон чӣ мегуфта бошанд?
Маълум, ки дар бораи изтироби пештараи Ялқопи мағруру аблаҳ хоҳанд гуфт,— бале, бале! Ӯ ба ин пура боварӣ дошт... Ва он ҳодисаи номаълумеро ки ба сари Онамурод омада буд, ба касофати аз Гочуқ рафтани ӯ нисбат хоҳанд дод... Ё, худоё, чӣ бояд кард? Чӣ бояд кард, ки ин аблаҳро номаълум аз ин ҷо гусел кунад? Зеро ӯ на танҳо рӯзгори Норточу оилаи навашро, балкӣ Пӯлодро ҳам барои он, ки ба ин ҷо омадааст, заҳр хоҳад кард... Охир, ӯ чӣ хел инро намефаҳмад?!
Нортоҷ тамоми нерӯяшро ҷамъ карда ба пешвози садои сангини асобагали ӯ баромад. Нурқулӣ қадаме боз пеш андохту дар нимроҳи пеши дар рост монд. Чеҳраи ӯ дар ин рӯзгори гузашта шукуфта буд ва нигоҳаш изтиробовару бахшоянда менамуд.
— Саломат ҳастӣ, Нортоҷ?
— Ту чаро... чаро ту омадӣ! — бо овози ларзону ба саломи ӯ алейк нагирифта пурсид Нортоҷ.— Туро кӣ даъват кард? Ту чӣ, магар тамоман девона шудаӣ?
— Девона шудаам...— бо як овози гирифта гуфт Нурқулӣ ва нигоҳашро ба замин дӯхт.— Ту бубахш, ман он қадар бисёр намеистам... Пӯлод читур аст? Ӯ куҷост? Ман ҳар гуна хобҳо мебинам... Ӯро барои як дақиқа пеши ман хон, Нортоҷ. Ӯ оё сиҳат аст?..
— Ӯ-ку сиҳат аст, аммо ту... Ин тавр хуб нест, наҳод, ки моро шарманда кунӣ...— Овозаш ҳамоно меларзид, аммо на аз парешониву ошуфтагӣ, балки аз зӯри кадом як дарди эҳсосӣ: ҳам аз носозгорӣ ба шӯйи наваш, ҳам аз ранҷи ин ғурбатсарову ҳам аз қисмати номаълуми бародараш...— Бирав! Бирав, ки туро одамон набинанд,... туро дидан намехоҳам!
— Ин кори худат,— нигоҳашро бардошта бо як сангӣ гуфт Нурқулӣ.— Бале, худат медонӣ... Ман на барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё