Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
он ҷо ҳар бегоҳ барпо мешавад — фаҳмонда буд, ба Пӯлод, писари тагояш.
— Хайр чӣ, — гуфт бо як ҳолати гирифта падарандараш, — дарвозаро ту мезанӣ, ки аз ман дида ба ӯ хеши наздиктарӣ...
Пӯлод ба дарвозаи оҳанин чанд мушт зад ва интизории ҷавоб шуданд. Вале аз он ҷо садое ҳам набаромада ва Пӯлод ин дафъа боз ҳам сахттар зад, ки оҳанӣ дарвоза ба дод омад.
— Ба гумонам касе нест, — гӯш дода гуфт Ялқоп ва дар овозаш як дигаргунӣ ҳис мешуд. — Ё шояд онҳо ба ҷое рафта бошанд? Роҳбар-да, ҳар ҷо рафтанро дӯст медорад... онҳо дар ҳама ҷо бояд ҳозир бошанд. Калон, дар ҳама ҷо, одами лозимист!..
Ва худаш ҳам дарвозаро чунон зад, ки аз он сӯ нашунидан номумкин буд.
— Эй, ошно, — дар охир овоз баровард мӯсафед ва бо ҳайрат ба меҳмонон менигарист. — Дарвозаро беҳуда мезанед, он ҷо касе нест...
— Чӣ тур касе нест? — нигоҳ кард ба ӯ Ялқоп.
— Ана ҳамин хел, нест!
— Чӣ, онҳо ба куҷое рафтанд?
— Намедонам.
— Кай меоянд?
— Чизе намедонам. Намедонам ва тамом. — Ва андешае карда чашмони кӯчаку тезашро ҷилва дода илова кард: — Ва онҳо намешаванд, интизор нашавед. Фаҳмидед! Интизор нашавед.
— Намешаванд? Чӣ хел? Намедонӣ, ки онҳо куҷоянду кай меоянд, вале мегӯӣ, ки «намешаванд?..»
— Ана ҳамин хел... Ту чӣ, кӯдакӣ ё аблаҳӣ? Каллаат кор мекунад?
— Н-не... — бо парешонӣ гуфт Ялқоп, ки намудаш дар ҳақиқат ҳам аблаҳона буд.
— Ту хешовандаш мешавӣ? — ба тарафи сафил ишорат кард мӯсафед.
— Ҳа, ҳамин хел... як хешованди дураш. Хабаргирияш омадем...
— Дигар ӯро ин ҷо хабар намегиред... ва шукронаи рафиқ Сталин!
— Пас дар куҷо?
Мӯсафед бетоқат шуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё