Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро хомӯшӣ? Метарсӣ? Ҳу-уш... ҳангоми гирифтан натарсидӣ?
Пӯлод як лаҳза нигоҳашро боло карду як ба чашмони моили тамасхури ҳамсинфону чеҳраи ғамгирифтаи муаллима ва ҳамчунон ба Илҳони болои курсӣ ҳамшуда нигарист...
— Хайр, хомӯш меистем?
Бале, танҳо хомӯшӣ, зеро пеши он ҳама чӣ ҷавоб ҳам медод? Ҳеҷ! Агар росташро гӯяд... не, рост гуфтанаш лозим набуд. Каси дигаре ҳам ин корро карда бошад рост гуфтан лозим нест, зеро бад мешаваду хуб не... Албатта, Пӯлод қоил шудан намехост, агар падараш ҳам зорӣ мекард: ӯ фақат медонист, ки лозим набуду халос. Вақте хулоса кард, ки лозим нест, пойҳояш дигар аз ларжидан монданд...
— Ман... ман бовар намекунам, ки ин кори Пӯлод бошад...
Дигар ҳама чашм бар муаллима шуданд, ки чунин суханҳоро бо як дудилагиву мушкилот гуфт.
— Чӣ хел — «бовар намекунам»?.. — рӯ овард ба ӯ мудир.— Вай-ку худаш...
— Бовар намекунам.
— Хайр, ҳеҷ гап не... ин масъаларо мебинем. Ту баъди даҳ дақиқа ба хонаи муаллимон биё — гуфт ӯ ба Пӯлод.— Шумо, бачаҳо, ҷавоб. Чунон ки ман гуфтам, хӯрок мехӯреду баъди як соати истироҳат дарсҳоро тайёр кунед. Вазифаи хонагиро ба фардо нагузоред... вазифаро кӣ иҷро кардед, баъд истироҳат кунед. Метавонед ки хона равед.
Аз пушти онҳо бачаҳо аз синф баромаданду ба Пӯлод нигариста байни худ пичир-пичир мекарданд, ва гӯё агар баланд гап мезаданд хомӯширо вайрон мекарданд. Ӯ дигар танҳо монд. Ӯ дар ин лаҳзаҳо чунон мехост озод бошаду мисли дигар бачаҳо бепарво ба кӯча барояду гушнаву, аммо шодона портфелашро ҳаводада ба хона биёяд ва дигар дар сараш андешан чизе набусад ки... Аммо ӯ дигар чунин ҳуқуқро надошт ва гӯё кадом деворе аз ҳама пинҳонаш медошт. Ӯ оҳиста портфелашро басту ба ҳавои кушод баромад.
Аз ҳавлӣ то канори чӯбор боғи партови мактаб доман паҳн карда буд, ки онро явшони баланд фаро гирифта, қисме дарахтонаш буридаву шоҳаҳои хушкашон ҳар сӯ парешон буданд. Офтоби рангпарида

пешина
аз 328
навбатӣ