Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

форд. Маълум мешавад, ки ин ҷо ҳам одамони хубу нек, чун дар Гочук бисёранд.

— Ташаккур мома, ба шумо ҳам умри хуш мехоҳам!...

— Чӣ ҷавоби боақлонаву неке! Маълум, ки боз як йигити хубе дар ҷои мо пайдо шудааст... Ин хуб аст! Ва ту баҷаи зани нави Ялкопӣ — хато накардам, шӯтурбачаи ман?

— Не, мома, — парешон шуд Пӯлод, ки ба ин ибораи «зани Ялкоп»... ҳеҷ одат карда наметавонист.

— Ва номат Пӯлод аст?

Ӯ бо чашмони неку орӣ аз риё ба кампир нигаристӣ бо аломати ризо сар ҷунбонд.

— Хуб аст, Пӯлодҷон, хуб... аммо ғамгин машав бачам, ба ин ҷо одат мекунӣ. Одамони нек дар ҳама ҷо ҳастанд, ҳарчанд, ки одами аз ҳама нек дар ҷои шумо мезист... худат медонӣ, ки ман киро дар назар дорам?

— Ҳа, мома модарам дар бораи ӯ нақл карда буд. Ҳамон муғанин Гочукӣ.

— Рост гуфтӣ, шӯтурбача, рост!.. Чӣ, гуфтӣ ки модарат нақл кардааст.

— Бале модарам.

— Модар... Ба ҳар ҳол ман ба ту мегӯям, ки модари ту чандон баақл нест, бачам. Наранҷ, ман ҳам ин хел одамам: ба ростӣ дилам месӯзад ва ин аламро дар худ пинҳон дошта наметавонам... Не, беақл аст. Ёфт, киро интихоб кунад — Ялкопро... Дигарон, ба умеди фарзанде чун ту шӯ мегиранд, аммо ба ӯ чӣ намерасид?..

Пӯлод хомӯш монд.

— Чӣ мехоҳад? Хайр, худо ҳар касро аз худаш намонад... Падаратро фаромӯш накардай, ёдаш мекунӣ?

— Бале, мома.

— Падаратро фаромӯш накун. Инсон як падару модар дорад... ганда ҳам бошад, ки... бегона нест. Вале падари ту бошад, ба гумонам одами хуб аст, вақте ки писараш ин хел йигит аст...

— Одами хуб аст, — гуфт баногоҳ Пӯлод, ки дигар чизеро аз ӯ пинҳон кардан намехост. Ӯ аз ҷанг бе як пой баргашт... ӯ одами хуб аст!

— Ана, ана бачам, ман гумон мекунам, ки одами хуб аст... Одамони хуб ҳамеша хушбахт нестанд, охир замона бад шудааст... Бе пой буданаш айбе нест, муҳи- маш, ки дил дорад. Хайр худо нигоҳдорат бошад, шӯтурбача,

пешина
аз 328
навбатӣ