Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
муяссар нашуд, дар яке аз кашмакашҳо дар назди хиргоҳи шоҳзода ё аз зарбаи кундоқ, ё аз зарбаи сӯми асп франсуз ба замин афтида беҳуш гардид. Вақте ки ба худ омад, ҳама тамом шуда буд. «Ман зиндаам; хайр майлаш», — хурсандона фикр кард ӯ, сари вазнинашро бардошта. Тал аз ҷасадҳо пур буд ва дар аввал Блок-вил гумон кард, ки онҳо гӯллаҷӯбанд. Он чи ки ӯ дар ин юриш дигар пул даромад намекунад, аллакай маълум буд. Ин юриш не, иғвои ҳарбист! Ба Париж зинда баргардад, шуд! — ана бояд дар чӣ хусус акнун андешид.
Дар курсии кандакоришуда, ки пуштинаки қачкардашудаи зебои аз чӯби шамшод ва аз ду бараш шилшилан маҳмалин дошт, зери байрак чуқур ба андеша рафта, шоҳзода Ҳамза Мирзо нишаста буд. Ӯ андӯҳгину андешаманд ба ҷасади Сиёҳ-сартипи бовафояш бенигарист. Мебоист, ки фавран замини Марвро тарк намояд. Чӣ илоҷ, бигузор шоҳ ба газ об ояд, бигузор шармандагӣ бошад! Шоҳзода оҳ кашид, нигоҳи пурандӯҳашро ба ҷои куштор партофт. Гарчанде ки ҳоло ҳам кӯшунҳояш басандаанд, гарчанде ба ҷуз Сиёҳ-сартип боз дигар генералҳо ҳастанд — бо вуҷуди ин туркманҳо ин дафъа боқувваттаранд, пас гаштан даркор. Рӯзи дигар бо бетартибии зиёд шоҳзода Ҳамза Мирзо ба сӯи Марв ақиб нишаст.
Шоҳ Насриддинро пурра набошад ҳам, ба ҳар ҳол дар бораи муҳорибаи нобарори соҳили Мурғоб хабар додан лозим омад. Шоҳ дар ғазаб буд. «Бо кадом қимате, ки набошад ба истеҳкоми туркманҳо ҳуҷум карда, он ба даст дароварда шавад!» — амр омад аз шоҳ. Хайр, агар бо ҳуҷум нашавад, бо муҳосира. Ва гарчанде вақт он қадар барои юришҳои ҳарбӣ мувофиқ набуд — октябр, касе қудрати гардондани фармони шоҳро надошт, ба ҳуҷум тайёршавӣ шурӯъ шуд. Рӯҳиян ҳама афтода шамолу боронгариҳо низ сар шуда буд. Бар замми ин туркманҳо ба ғарб ақибнишинӣ карда, дар хонаҳои тарккарда қариб ҳеҷ чизро намемонданд — чизи рӯзгузаронӣ набуд. Ҳама мегуфт, ки ин дафъа чизе ба даст оварда намешавад. Онҳоро муҳорибаҳои сахт дар пешанд ва маълум, ки бо душман ҷиддитар муносибат кардан ҳалал намемерасонад. Бинобар ин қарор дода шуд, ки пеш аз ҳуҷуми ҳалкунанда ба ҳарботи Порсугал, ки захираи асбобу анҷоми ҳарбӣ ва озуқаро монда буданд, баргарданд, зеро ҳам инӯ ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё