Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ҳатто саги инҷо душман аст — душмани мо! — пурмаъно гуфт генерал Сиёҳ-сартип. — Ва баъд... ҳамин хел онро кӯфтан мехоҳам.
Франсуз бори дигар бо ғазаб аз дил гузаронд, ки сирати осиёӣ чӣ хеле, ки гузаштагонаш доштаанд, ҳамон хел боқӣ мондааст ва оҳ кашида қарор дод, ки дигар даҳолат накунад. Ва Сиёҳ-сартип парронд, тир ба думи саг расид, он нолаи гӯшкаркунандае бароварда, дар ҷояш чарх задан гирифт, баъд аз теппа ғелида омада, ба пошнаи аспи Сиёҳ-сартип зад. Асп чунон тез ба дигар тараф чаҳид, ки Сиёҳ-сартип худро дошта натавониста, аз болои зин ба замин афтод. Ӯ хобакӣ лаънати зиёде хонда, бо тири дуюм сагро кушт. Ҳама кӯшиш мекарданд худро тарзе вонамуд кунанд, ки гӯё воқеае нашудааст, ба генерал аспи наве оварданд, ӯ нишаст, лекин баъди ин бо хомӯшии номафҳуме роҳ мепаймуд.
Истеҳкоми туркманҳо дар соҳили рости Мурғоб дар ҳақиқат барои ҷанг омода буд. Ин ҳатто аз назари франсуз ҳам пинҳон намонд. Аз болои истеҳкоми кӯҳна боз истеҳкоми наву мустаҳкаме сохта буданд, милаи ду тӯпе, ки онҳо аз форсҳо кашида гирифта ва акнун ба муқобили худи форсҳо гардонда буданд, аз тобиши офтоб яллаккос мезаданд. Дар ҳоле ки дили Блоквил то ҳол барои саги бегуноҳ кушташуда месӯхт, ӯ бо овози паст ба Сиёҳ-сартип гуфт;
— Акнун туркманҳо сӯи форсҳо аз тӯпҳои худатон оташ мекушоянд.
— Ҳатто мо агар ба онҳо сию як тӯпи боқимондаро диҳем ҳам, — таҳқиромез гуфт Сиёҳ-сартип, — аз сари мо ягон мӯй намеафтад, туркмани ҷоҳил охир дар умраш тӯпро истифода набурдааст, ҳатто намедонад ки онро аз кадом тарафаш тир пур мекунанд.
Дар ҳамин ҳангом дар ду тӯп якбора тир кушоданд ва сари ҳачире, ки бист метр дуртар буд, аз танаш ҷудо шуд.
— Эҳтимол, — оромона гуфт франсуз, — шиллики дуюм аз мо бошад.
— Ҳозир ман ба онҳо шилликро нишон медиҳам! — Сиёҳсартип ҳақорат дода, амр кард, ки аз ҳамаи тӯпҳо оташ кушоянд.
Дуду ғубор атрофро печонд, аммо вақте тирпарронӣ қатъ гардиду ҳаво тоза шуд, маълум шуд, ки мавқеи туркманҳо ба маротиб мувофиқтар аст — ва аз ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё