Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мебарад, кӣ ихтиёри худашро ба чанголи Сиёҳ-сартипи бераҳм месупорад. Дар бораи хунхори генерали дасти рости шоҳзода дар байни туркманҳо қиссаҳо паҳн мешуданд.

— Ман бурда мерасонам! — гуфт Таҷғок — сардори далер, дӯсти кӯҳнаи Кавшутхон, ки ҳамроҳи ӯ на як бору ду бор ба муқобили хевагию бухороиҳо ҷангида буд.

Ҳа, ба қарибӣ, як моҳ пештар боз якҷоя ҳамроҳи чунин далерон Нурисагира ва Кулхон Капала саҳаркӣ барвақт ба сипоҳи бисёрҳазорнафараи истилогарон дарафтода, сарҳои бисёреро буриданд. Кулхон Капалан баҳодурро аз даст доданд. Кавшутхони баҳодур беҳад афсӯс мехӯрд, ҳамаи сарҳои форсҳои осӣ арзиши як сари ӯро надоштанд. Ва мана акнун лозим меояд, ки Таҷғок-сардорро фиристанд, якдигарро боз дидан муяссар мешавад ё не — инро фақат худо медонад. Кавшутхон оҳи чуқуре кашид;

— Бирав, каси мувофиқтаре нест! Нома номаю лекин вақте ки бо нома баҳодуре чун Таҷғок-сардор меравад, он муҳимтар мешавад. Мумкин ҳоло ҳам фаромӯш накарда бошанд, ки дасти Таҷғок-сардор чӣ қудрате дорад, шамшер дар ин даст чӣ хел буррову аспи ӯ чӣ қадр болдор аст! Бирав!

Ва 14 сентябр ба назди хиргоҳи шоҳзода, ки дар ин вақт ба шикори ҳаргӯш дар регзори Попушгум тайёрӣ медид, туркмани баландболои қокинаеро, ки телпаки сиёҳи баррагин, қабои кабуди дароз, миёнбанди тибит дошт, оварданд.

— Ассалому алайкум оғои хон! — салом дод мусофир.— Ман фиристодаи Кавшутхон ҳастам, номаи Таҷғок-сардор.

— Медонам, медонам, — мулоим ҷавоб дод шоҳзода ва фармуд, ки шикор ба дигар дафъа монда шавад,— ман фикр мекардам, ки қосид, ту ҳанӯз як моҳ пештар меоӣ.

«Ӯ айнан як моҳ пеш ба ин ҷо ҳамроҳи рафиқонаш омада буд»,— лабханд зад Блоквил. Франсуз бодиққат шоҳзодаро мушоҳида карда, дар пеши назараш ҳамон шармандагиеро меовард, ки дастаи чоркасан диловарон сипоҳи ӯро дар ҳолати ваҳшату даступохӯрдагӣ гузошта буданд. Лекин шоҳзода мулоим буд, чеҳрааш пурнур, ба назар чунин менамуд, ки худро хушмуэмилагӣ

пешина
аз 328
навбатӣ