Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Дипломатия! — таҳқиромез лабҳояшро бурма кард Сиёҳ-сартип. — Мана дипломатияи беҳтарин! Ва Марв ба зону мезанад. Ту фаронсуз, ҳоло туркманҳоро намедонӣ, — онҳо одамони сиёҳи буздиланд, агар ба ман ҳамаш шуда ду бомбаи зард ва ҳазор не, ҳамагӣ панҷсад сарбоз медоданд, ман Марвро ҳамроҳи онҳо аз рӯи замин рӯфта мепартофтам, ман...

Дар ин вақт аз хонача фарёди ҷигарҳароше баланд шуд, ки ба овози одамӣ кам шабоҳат дошт ва генерал миёни гапашро бурид. Лабони ӯ ба табассум моил, рӯғонӣ шуданд, ӯ бо тамоми ҳастӣ дар он ҷо дар даруни хонача ҳамроҳи шоҳзодаву муҳофизони таҷовузгараш буд. Ин ҳолат чунон дар ваҷоҳати ӯ намоён шуда буд, ки беихтиёр дар дили Броквил хоҳиши хатариноки ба қаҳр овардани генерал ва дар айни ҳол коре карда, барои иштирокаш дар ҷинояти даҳшатангез ҳатто агар ботинӣ бошад ҳам, ниқор гирифтан пайдо гардид. Ӯ бо дуруштӣ ба забон овард:

— Чӣ хел буд, ки ин туркманҳои сиёҳу буздил чанд сол пеш қӯшуни калони Хиваро торумор карда, як сол пеш бошад, дар назди Сиёҳқалъа худи форсҳоро ҳам шикаст доданд? Наҳод ҷаноби генерал ҳамаи инро фаромӯш карда бошад?

Сиёҳ-сартип ҷавоб доданашро намедонист, ӯ ба атроф чашм партофтан гирифт, гӯё он ҷо ҷавоб меҷӯст ва писаракро бо қайчии дасташ дида, таҳдидомез фарёд зад: «Эй, чӣ ном дорӣ?»

— Иламан.

Сиёҳ-сартип маккорона ба фаронсуз назар афканда, маънидорона, гӯё дар ҳамин ҷавоб ба саволи маккорона нуҳуфта бошад, бо фосила гуфт:

— Маълум мешавад, ки ин туркмани кӯчак ҳамту — Иламан ном дорад.

Ба фаронсуз танҳо ҳамин қадар монда буд, ки бо нимтабассум китфонашро дарҳам кашад. Вақте ки онҳо бармегаштанд, аз хонача бо бадани арақшору сурхшуда ва аз худу аз ҳаёти атроф розӣ шоҳзода ва муҳофизони содиқи ӯ баромаданд. Чашми шоҳзода ба фаронсуз бархӯрда онҳоро поён нафуровард, танҳо ҳавобаландона нимруғ кард:

— Ҷаноб, ҳавои Туркманистон ба ту маъқул аст ё...

— Ҳавои нағз, — бо тамкин ҷавоб дод Броквил, — агар боз об мешуд, ин ҷо биҳишти тайёри рӯи замин буд.

пешина
аз 328
навбатӣ