Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
боре гуфт: «Ҳамдигарро оғӯш гирифта, шояд он ҷо чун беваҳо ба ёди ҳамон ҷанг ашк мерезанд»...
Онҳо ба роҳ баргаштанд ва аз миёни пайкол гузаштанд. Модар бо андӯҳи он ҳама гузаштаҳо хомӯш буд ва лабонашро ҷунбонда мекӯшид, ки ба андеша фурӯ равад, чеҳрааш гирифта буд ва баногоҳ дар чашмонаш кадом як нигоҳи зиндае рӯ зад.
— Тамом, тамом... — ниҳоят гуфт ӯ, аммо на ба Пӯлод, балки ба худаш.
— Тамом! Ҳеҷ гап не, Пӯлод! Фардо мо меравем...
Фардо ба сари мо марде меояд, ки барои ту чун падар хоҳад буд! Ӯ одами хуб аст, ту худат мебинӣ... Номаш Ялқоп — ба ростӣ номаш хуб о?! Чунин номро ба онҳое мегузоранд, ки чун меҳр, чун худо меоянд. Ӯ қоматбаланду бақувват, — йигити хуб аст, худат мебинӣ!..
Ӯ боз писар ҳам дорад, номаш... ист, ки номаш чӣ буд.
Ҳа, ёфтам, Илҳон!... Ӯ барои ту бародархонд мешавад, ту боз ӯро наранҷонӣ ...Якҷо ба мактаб хоҳед рафт.
Фақат ҳоло инро ба касе нагӯй, зеро агар ин занҳо шунаванд... Чунон ғайбату овоза мекунанд, ки то гӯши ҳар хори биёҳон ҳам хоҳад расид... Чаро хомӯшӣ? — баногоҳ беқарор шуд ӯ ва ба рӯи писараш нигарист.
Пӯлоди бечора дигар ба ӯ чӣ ҳам гуфта метавонист?
Намедонист, ки ҳоло чаро ба модараш бовар надошт.
Шояд зиндагии онҳо ҳамаш баъд хуб мешуда бошад, вале ҳоло... Ҳоло дар овозу гуфтори модар ҳам оҳанги нобоварӣ ҳис карда мешуд ва писар чӣ тур ӯро бояд бовар мекард? Ва чӣ тур дар ин боб вақте ҳарф мезананд, ки ба дили кас хуш намеояд, шармандагист... Ӯ ҳоло наметавонист, ки ба модараш нигарад ва боз ҳам мехост, ки куҷое гурезад, пинҳон шаваду дигар ба чашм нахӯрад...
Аммо аз модару падари худӣ ва худаш то куҷо
хоҳад гурехт?
4
Баъд шармандагиҳо оғоз шуданд. Ва тайи як ҳафта буд, ки ин шармандагӣ чун мурғи сиёҳи биёбон даври хонаи эшон мегашту онҳоро амон намедод: ба кӯча баромадану то хонаи хешону ҳамсояҳо рафтан намемонд, аз мактаб-ку дигар ҷои гап ҳам набуд. Овозаву ғайбатҳои ҳархела даври онҳо девори ноаён баста буд:
баъзеҳо раҳм мехӯрданд, гурӯҳе бадгӯӣ мекарданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё