Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, метавонист дар ҳузури худат низ гӯяд.
— Пас, куҷост вай?
— Ман дар ҳамин ҷо.

Раҷаб аз ин садои ногаҳонӣ аз курсӣ хест. Аз паси дар Елеман намоён шуда рост ба наздашон омад. Нанишаст, бо дасти чап ба курсӣ такя намуда, саросема ба гап даромад.

— Ман аз паси ту ғайбат намекунам, Раҷаб. Ва ғайбатчиёнро низ чашми дидан надорам. Ту медонӣ, ки ман рафиқатам. Ба ҷуз рафиқ, яъне ман, ки ба ту ҳақиқии гапро мегӯяд? Магар Ойаро ранҷониданат ҳақиқат нест? Ҳақиқат. Оё ту бо вай одамвор гап мезанӣ? Магар дар саҳро паст задану ӯро таҳқир карданат дурӯғ аст? На. Дар назари мардум шармсораш кардаю дӯғаш мезанӣ... Чӣ, гумон мекунӣ, ки овул намедонад Набот-оҷа барои шумоёнро гарм кардан аз Мулло Расул тумор гирифт? Агар зану шӯ ошиқи печон бошанд кампирро хоҷати муроҷиат ба мулло набуд. Ва ту набудӣ, ки ба ман нияти ҷудошаватиро аз Ойа гуфтӣ? Андеша намо, Раҷаб. Ба ту Ҳаким-ого ва рафиқат Елеман бадӣ намехоҳанд. Ин хел занро, мисли Ойа, шояд дар рӯи замин наёбӣ. Панҷ сол чароғи хонаатро фурӯзон дошт. Дар колхоз ба ҷои мардҳо кор кард. Чунон кору рафтор кард, ки пиру барно касе аз даҳон намемонадаш. Охир ту ҳам мард шав-да, бародар! Ман гапамро гуфтам. Ҳаким-ого, акнун меравам.

Суханони Елеманро Раҷаб бо диққат гӯш мекард. Аммо калимаҳои «мард шав» чун оташ ҷисмашро сӯҳтонда сарашро ба ҷунбиш оварданд. «Мард шав, мард, мард...» — Раҷаб гӯё кару гунг гашт. Вай танҳо ҳаракати дастону лабҷунбиҳои пурҳарорати Ҳаким-огоро медиду халос. Дар воқеъ чӣ зарур аст шунидани вай? Гулӯ дарронда чӣ гуфтани раисро намедонад? Медонад. Онҳо ба вай некӣ кардан мехоҳанд, вале сабаби асосиро намедонанд. Намедонанд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд донист. Ҳайрият, аз дил мегузаронид вай он лаҳза, одам тавре офарида шудааст, ки метавонад аз дигарон ғамашро пинҳон дорад...»

Ба ногоҳ Раҷаб дар муқобилаш Ойаро нишаста дид. Чизе гулӯяш гирифт.

— Ту ҳам? — ин садо чунон оҳиста аз даҳонаш баромад, ки худаш ҳам нафаҳмид, аммо Ойа шунид ва дарк ҳам кард. Раҷаб аз нигоҳи маҳзуни вай дарёфт.

пешина
аз 328
навбатӣ