Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Меҳрубон. Умри инсон ниҳоят тез аз тулуъ ба ғуруб мерасидааст. Дирӯз соли 1924 буд, имрӯз соли 1999 омадааст. Аммо банда чӣ тавр ба ин сол расиданамро нафаҳмидам. Шуморо хоҳиш дорам ва шогирдонатонро ҳам бояд таълим диҳед:

I. Ҳар соату рӯз (на ҳафтаву моҳ)-ро баҳри илми тоҷик ва умумибашарӣ бо якчанд варақсиёҳсозии ҳаррӯза фоиданок истифода баред.

II. Дар адабиётшиносии тоҷик, махсусан дар таърихи адабиёти тоҷик, ҳазор саҳифаҳои торик боқӣ мондаанд, ки барои равшан гардонидани он саҳифаҳо:

  1. матни интиқодӣ ё академӣ, ё дипломатии ҳамаи асарҳо ва маводи ба онҳо алоқамандро омода созонед;

  2. тарҷумаиҳоли дақиқ ва росту дуруст, архив, дастнавис, мусаввадаҳо, ҳуҷҷатҳо, далелҳо, рӯзномаҳо (дневники), ёддоштҳои ҳақиқӣ (на сохта), номаҳо, телеграммаҳо, стенограммаҳо, сабти овозҳо, кино ва телеҳуҷҷатҳо, суратҳо, соядастҳо ва дигар маводи аслии эҷодкорони тоҷикро аз қадим то имрӯз ва оянда ҷамъ созонед, то ки тавассути онҳо баъд аз 30-40 сол ва алалхусус дар ояндаи дуртару дур таърихи росту дуруст ва ҳақиқии адабиёти тоҷикро аз замонҳои қадим то асрҳои ояндаи мо нависанд. Таърихҳои мавҷуда гоҳо ва ҳатто дорои ғалатҳои хурду калон ё каму зиёд мебошанд.

III. 3-4 матншиноси асилро омода созед. Барои ин агар аз байни тамоми донишҷӯёни ҳамаи курсҳо ва факултетҳо 2-3 донишҷӯи асил пайдо шавад, метавонед ҳар ҳафта рӯзи якшанбе онҳоро ба назди камина оваред, то ки ба онҳо матншиносиро таълим диҳам.

IV. Шумо ва Абдулҳай Маҳмадаминови меҳрубон аз уҳдаи иҷрои ин хоҳиши банда бо шогирдони солҳои 2000-2040-атон баромада метавонед.

Бо салому эҳтиром С. Табаров

пешина
аз 226
навбатӣ