Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

думболи ҷисми наъразани оҳанӣ шоду хурсанд ба назар мерасиданд.

Мирзо, ки миёни даста аз ҳама хурдсол буд, аввалин шуда, худашро аз ароба поён партофт, бо шавку шодии беҳад ба ҳозирин фаҳмонидан хост, ки чизи аҷиби оҳанӣ, аждаре набуда, трактор ном дорад, яъне оҳани худгард бошад, ки барои осон кардани корҳо, хоса кори кишоварзон сохта ва фиристода шудааст.

Трактор ҳам, ки аробаро аз думболаш ҷудо карда буданд, пеши назари ҳамагон замини кишти пушти масҷидро бо плуги думболаш дар чанд лаҳза судгор намуд, ки ин миқдор корро дар як рӯз чор-панҷ ҷуфти гов базӯр ба анҷом расонда метавонист.

Ин кушоиши корро тантана кардан лозим меомад, то фарогири хотирҳо шавад ва дар зеҳни мардум чуқур нишинад. Яъне навбат расида буд ба созу суруд, то рӯйдоди навомад ба фаҳму зеҳни мардум амиқтар ҷойгир шавад.

Ва барои он, ки мардум намоиши созу сурудро пурра дида тавониста бошанд, санъаткорон болои боми мусаттаҳи гилии андовамоли аз ҳама баланд саҳна интихоб карданд ва тамошобини зиёд дар атрофи ин иморат нишастанд.

Ҳамин тавр тамошобинон гирди иморатро, ки паҳлӯяш трактор меистод, печонида буданд. Хоса пирон зиёд ба назар мерасиданд, ки дар чашмони хастаи онҳо низ шодӣ ва ҳикмати пирона пайдо буд ва хоса умеди бештаре ба оянда. Ҳама чунон буд, ки гӯё на танҳо ин ҷо, балки дар тамоми олам базми дилхушӣ ва умедворӣ ҷараён дорад ва онро чизе халалдор карда натвонад.

Созу навои Мирзои Навозанда — ғижаккаши беҳамтои овозаёфта ҳамагонро баставу шефтаи худ мегардонид.

Ва ин базми шодӣ ва умеду орзу гӯё охиршавӣ надошт...

Вале ногаҳ овози тир омаду садои мусиқаву таронаро рахна кард.

Садои тир омада буд аз дурии дуриҳо.

Яке аз бачагони тамошогар, ки дар шохи болову баланди

пешина
аз 194
навбатӣ