Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ҒИҶҶАКИ НАВ
Баҳорон омада буд аз нав дар Исфара ва фаро расида буд маросими Сайри Лола.
Баҳор омад, чу гул бишкуфта бошем,
Гӯлу гулрух ба ҳам печида бошем.
Ду булбул дар чаман нолида бошем,
Ба завқи якдигар хандида бошем.
Биё бо ҳам равем сайри гулистон,
Тамошоҳо кунем аз богу бӯстон.
Боз одамон ба доманакӯҳи дуру наздик баромада, лола мечиданд ва ҳар гурӯҳ ба шоха ва ё навниҳол, ё сафедори борики бурида лолаҳо баста ва лоладарахт сохта, онҳоро бардошта, бо тантанаву ҳаёҳӯӣ, бо валвалаву шукӯҳ, бо созу суруд ҷониби маркази Исфаразамин равона мегардиданд.
Ба онҳое, ки бо тантанаву тараб ва созу суруду ҷониби Исфара лоладарахт мебурданд, ховоҳони зиёд ва мардуми бешумор шарик мешуданд. Ва чун ҳамагӣ ба Исфара мерасиданд, лоладарахтҳоро ба доманаи теппаи Урда, яъне дар сутунҳои чойхонаи Қорӣ Носир баста, яъне ин ҷо бо тарзи нимдоира «шинонда», дар иҳотаи лоладарахтҳо саҳна ба вуҷуд меоварданд ва он ҷо ҳофизону созандагони Исфара ва ҳофизу созандагони водии Фарғона, ки ҷамъ омада буданд, ба ҳунарнамоӣ мепардохтанд. Тантана то рӯзе идома меёфт, ки лолаҳо пажмурда гардида, охирин барги онҳо рехта бошанд. Бале то рехтани охирин барги лола суруду тантана идома меёфт дар Исфаразамин, дар маросиме, ки Сайри Лола ва ё Иди Лола ном дошт...
Дар ин базми тантанаву шукӯҳ чун пешина аз ҷамеи гӯшаву канори водии Фарғона меҳмонон меомаданд, ширкат мекарданд. Қатори онҳо созандагону ҳофизони зиёд ба назар мерасиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё