Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
мекарда. Асбоби мусиқавиро бошад баъзан сари ҳавас месохтааст.
Шоҳбаротро ваҳм гирифта буд: «аробасозӣ куҷову танбӯрсозӣ куҷо-а?-ва ба изтиробу итоби бештар омада буд.- Чаро ман ба вай бовар кардам-а? Кӯтоҳандешӣ ҳамин қадар мешудагист-даа... Кай бозо соддабовар шудаам ин қадар-аа?!...»
Тӯй ҳам шурӯъ гардид, аммо хурмоириш набуд, ки бояд танбӯрро меовард соз карда.
Ҳофизон ва ҳунармандони дигар ба ҳунарнамоӣ пардохта буданд, албатта ғайри Шоҳбарот, ки бе танбӯр менишаст ва дам ба дарун ва дар печиши андешаҳои худаш буд.
Шоҳбароти ба гирдоби андешаҳои пурпеч монда, эҳсос намекард, миёни чанд каси ба тӯйхона воридшуда марди хурмоириш ҳам ниҳоят намоён гардида. Хурмоириш, ки дар даст як чизи дарози латтапеч дошта.
Чун хурмоириш ин чизи бо матоъ печондаро назди Шоҳбарот гузошт, Шоҳбарот аз андешаҳои печида берун гардид, ҳамоно ба сараш хаёли дигар зад, ки яқин хурмоириш соз карда натавониста танбӯрро ва оварда онро бо косахонаи шикастаи худаш. Хуллас аз ин диёр меравад Шоҳбарот бе танбӯри дӯстдошта, яқинтараш бо танбӯри шикастаи худаш. Барои санъаткор бошад шикастан ва соз нашудани асбоби касбӣ, ки ҳеҷ чиз ҷойи онро гирифта наметавонад, шикасту доғи дил ба ҳисоб меравад...
-Хуллас соз карда натавонистӣ-аа?-овози Шоҳбарот тамасхур дошт.
Хурмоириш ҳарфе ба забон наёвард, ҳарчанд пурмаъно ба Шоҳбарот назар афканд. Баъд оҳиста дар гӯшаи кӯрпача нишасту латтаи печонидаро оҳиста кушод, аз дарунаш танбӯр баровард ва онро пеши Шоҳбарот гузошт.
Шоҳбарот то хело ба танбӯр назар афканд, пасон онро гирифту ин тарафу он тараф гардонд. Аз синча кардани вай бармеомад, ки бовараш намеояд: охир косахонаи танбӯр пешина барин метофт. Бутун метофт, беосеб ба назар мерасид. Гӯё мисли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё