Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
овозҳои табиат офарид. Ва инчунин шуда буд: дар як гӯшаи сарзамини тоҷикон галлабоне буд, ҳар рӯз аспонро ба дашти доманакӯҳ ба чаро мебаровард. Як рӯз дар сояи буттадарахте рӯ ба осмон дароз кашида, дам мегирифт ва аз тарафи қуллаҳои абадан барфпӯш насимаке вазида меомад. Баробари ин як овози аҷибу мавзун эҳсос мегардид, ки оҳанге ба гӯш мерасид. Ин хел овозро ягон маротиба нашнида буд галлабон. Аз ин боис ҳайрон монд, ба атроф синча кард. Ягон парранда ва хазандаро, ки ин овози аҷибро ба он мансуб кардан мумкин бошад, дар дуру наздик ба мушоҳида нагирифт. Пас ин овози аҷиб аз чӣ бошад ва аз куҷо меояд? Ва ногаҳон пай бурд, овоз аз дурӣ неву аз болои сари худаш меояд, ки он ҷо қили асп ба ду шохаи буттадарахт дармонда, шамолак ба он расида мегузарад ва овоз аз ин ҳосил мегардад... Галлабон, аз нав, рӯйи сабзаҳо ёзиду чашм ба қил ва гӯш ба овози нозуки махини аз он ҳосилшаванда ба андеша рафт. Дар мағзи сараш нияте пайдо гардиду парида хест, қилро кушода гирифт, онро ба қади таёқи галлабониаш кашид. Ва барои он, ки вақти ангушт задан пӯсти ангушт ба чӯбдаста расида, озор наёбад, зери қил чӯбча халонд. Дар натиҷа овоз бурро ва озод мебаромад. Галлабон ҳар гоҳ ба қил даст зада, аз пайдо шудани овози аҷиб лаззат мебурд, гирди лабонаш табассуми нарм медамид.
Галлабон рӯзе галларо аз паҳлӯи ғори теппакӯҳ мегузаронд, ки эҳсос намуд: садои суми аспон андаруни ғор даромада, аз он акс гирифта, бо гулгулаи бештар ва мутантан ва аҷиб берун меояд. Чун ин ҳолат чанд бори дигар такрор гардид, галлабон сарфаҳм рафт: чизи андарунаш ковоку холӣ овозро акс кунонда, айёнлару шунаво ба гӯш мерасонад. Аз ин муҷиб вай косаи чӯбиро гирифта, ба нӯги чӯбдаста пайваст намуд, болои онҳо чӯбпарда часпонид ва аз болои он қил кашид. Ва барои он, ки овоз ба даруни коса даромада, акс ёфта, берун биёяд, ҳар ҷо-ҳар ҷои пардачӯб ба шакли нуқтаҳои кӯчак сӯроха ба вуҷуд овард. Пасон паҳлӯи як тор тораи дигар баркашид, то овоз неруманд гардида тавонад... Хуллас нахустин асбоби мусиқаи дунё ба вуҷуд омад ва аз боиси рӯяш ду тораи кашида доштан, марди галлабон варо «ду+тор» ном ниҳод.
Галлабон ба таклиди садои мураттаби сӯми аспон, шув-шуви

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё