Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

дифоъгарони хоки ватан чандин моҳ бо зумрае аз санъаткорони ҷумҳурӣ, дар хати маргбораи ҷабҳаи ҷанги ҷаҳон буд, намедонист, дар ватани аслиаш амале шуда, ки худи варо беҳолу бемадор мегардонад, рӯҳашро мешиканад, дилашро тика месозад, асабу хаёлҳояшро парешону дарҳам барҳам мегардонад.

Баъди бозгашт ба ватан Мирзо аз вайрон гаштани мадфангоҳи азизони дилаш ва пешвою устодонаш, яъне оромгоҳи Умар Ҳофизи бузургвор ва Қорӣ Носири беҳамто ва ҷойи мадфани онҳо бардошта шудани ҳавлиҳои навин, яқинтараш огилу каҳдон бохабар гардида буд ва дар аввал ба ин бовараш намеомад. Бовар намекард, ки дар Исфаразамини қадима ҳадди нафаре мерасида бошад барои вайрон кардани қабристон ва хоса маркади Умар Ҳофизу Қорӣ Носир барин бузургон.

Мирзо дар ҳолати ҳайратзадагӣ ва парешонӣ, балки дар ҳолати девонагӣ, ки ба чунинаш боре гирифтор нашуда буд, афтода ва аз куҷое кадом корди азими қассобиро харида, онро ба устои чархчӣ дода, тез карда гирифт, ки ба сари ҳавлисозу хешовандони вай равад ва сари ун роҳбарро, ки ин ҳамаро карда, аз тан ҷудо созад. Бори аввал мехост инсон кушта бошад ва бори нахуст дар умри сараш ба инсоне зиён расонидан мехост, чуноне ки Умар Ҳофизи ҳалиму меҳрубон ҳамчунин боре маҷбур шуда буд сари Умари Дузд биравад ба нияти куштан ва маҳв кардани вай.

Мирзо чунин бедодиро аз бедодию бераҳмиҳои Умари Дузд кам намедонист, ки Умари Дузд бо зиндагон мекард, аммо роҳбари қудратии Исфаразамин бо мурдагон карда буд, балки мурдагони аз зиндаҳо зиндатар карда буд.

Мирзо корашро ба охир расониданӣ буд, нисбати роҳбари роҳгумзада, ки бо қабри ду устод, ду падари маънавии вай чунин карда... Акнун фақат ҳаминаш монда буд, ки писараш Солеҳро ба касе вогузорад ва васият кунад: «агар ман ҳам кушта шудам, ё ҳабс гардидам, писари ман ба умеди ту мемонад ва бар ивазаш ин ҳавливу дари аз гузаштагон меросмондаи ман азони ту

пешина
аз 194
навбатӣ