Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ТАШВИШҲОИ НАВХЕСТА
ВА Ё
ТОРАҲОИ КАНДАШУДА
Аммо ба шодию ханда ҳасад мебурдааст дарду ҳасрат ва ҷойи онҳоро бо худаш иваз кардан мехостааст дар дунё.
Зеро дере нагузашта Рафоатбону бемори бистарӣ гардиду аҳволаш рӯз аз рӯз ба костагӣ ҳамеовард, ҳарчанд Мирзо барои табобати вай ҳама қувват ва маблағи дарёфтаашро сарф мекард.
Аз тарафи дигар дунё ба ҷанги нави ҷаҳон омодагӣ мегирифт ва дар гӯшаи дили одамон ташвишу хавотирии ноаён бештар лона мегузошт...
...Шаби гармои тобистони соли 1941 буд. Дар деҳаи Ворух, ки санъаткорон, ин ҷо, ба сафари навбатии ҳунарӣ омада буданд, созу суруд ҳукмронӣ мекард.
Навбат ба Мирзо бирасид. Вай ба даст дутор гирифт, то ғубору ташвиши ҷамъшудаи мардумро аз дили онҳо бо василаи наво бурун карда тавонад.
Баробари ин аз дохили хонае, ки айвонаш саҳнаи санъаткорон интихоб гардида буд, аранг-аранг овози радио ба гӯш ҳам мерасид. Аз боиси басо паст будани овози радио касони дигар шояд онро намешуниданд, аммо гӯшҳои ҳасоси навогари касбӣ, яъне гӯшҳои Мирзо ҳама гуна овозро дарк карда метавонист.
Баногоҳ радио аз ҳуҷуми душман ба хоки Шӯравӣ, ки Тоҷикистон, он айём, як қисмати ин империяи азим маҳсуб мегардид, хабар расонд. Гӯшҳои Мирзо инро пай бурд, ҳарчанд дигарон бастаи созу наво ва базми осмонкафо эҳсос намекарданд ин хабарро. Мирзо низ ҳанӯз бовар намекард ба шунидаи худаш. Ва даме ки оҳиставу мутассил ба фаҳми ҳақиқат бирасид, саросема гашту дасту по гум кард; шояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё