Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Хабару мубтадоҳои ҷумлаҳоро ёфта шарҳ диҳед.
ПИРАМАРДИ ХОРКАШ
Подшоҳ дар як маҷлис аз Ҳотами Той пурсидааст:
– Оё шахсеро медонӣ, ки аз ту баландҳиммат бошад?
– Бале, медонам, – гуфтааст Ҳотам.
– Кӣ будааст он шахс?
Ҳотами Той гуфтааст:
– Порсол ман аспсавор кӯча ба кӯчаи шаҳр гашта, мардумро ба тӯйи худ хабар мекардам. Дар як кӯча ба пирамарде дучор омадам, ки як банд хорро пуштора карда мерафт. Ба ҳолаш раҳм кардаму гуфтам:
– Магар беҳтар набуд, ки ба тӯйи Ҳотами Той рафта, зиёфат мехӯрдиву аз азобу машаққати хоркашӣ халос мешудӣ? Агар ба он ҷо мерафтӣ, ҳам як сол зиёфат мехӯрдӣ ҳам дар бозгашт бо худ бисёр чиз меовардӣ.
Пирамарди хоркаш суханони маро бодиққат гӯш карду гуфт:
– Аз зиёфату чизҳои Ҳотам дида, як пора нони ба араки ҷабини худ ёфтаам ҳазор бор беҳтар аст.
Пирамард инро гуфту паноҳи Худо карда, бо пуштораи хораш аз ман дур рафт.
Ана ҳамон пирамарди хоркаширо аз худам ҳимматбаланд ҳисоб мекунам. (147 калима)
Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё