Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
табдил диҳад. Дуо мекунам, ки умрат ҳамеша дар ҷангалу биёбонҳо гузараду гӯсфандҳоят насиби рӯзиат нашаванд.
Аз ҳамон вақт он марди бадавлат ба хирс табдил ёфта, дар ҷангалу кӯҳу биёбонҳо умр ба сар мебурдааст. (119 калима)
Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»
35
Матнро хонед. Пуркунандаҳояшро ёфта, воситаи алоқаманд шудани онҳоро муайян кунед.
СИТОРАИ КОРВОНКУШ
Ҳамаи ситораҳо ном доранд ва якеро корвонкуш гуфтаанд, ки накле дорад.
Корвоне ба сафар баромада буд. Дар оғози шаб ба манзиле расиду бозистод. Шаб хатар дошт, роҳзанҳо аз торикӣ истифода бурда, ба корвонҳо дарафтада, одамонро мекуштанду молашонро ба яғмо мебурданд.
Корвон ба хоб рафт. Як замон сарвари корвон бедор шуда, дар домани осмон ситораи дурахшонеро дид. Ситораи пурнуру равшанро дида, саросема корвонро бедор кард:
– Хезед, зудтар хезед, ки ситораи рӯз баромадааст! Зудтар ба роҳ бароем, зудтар ба ҷое мерасем.
Корвон хест, бор бастанду ба роҳ баромаданд. Мерафтанду мерафтанд, лекин ҳеҷ не, ки рӯз шавад.
Ногоҳ аз қаъри торикӣ дастаи роҳзанҳо берун баромада, ба корвон дарафтод, раҳме надошт он, мекушту мерабуд. Нобуд шуд корвон, ба ғорат рафт моли он.
Ҳамин аст сабаби номи Корвонкушро гирифтани яке аз ситораҳое, ки дар аввали шаб мебарояд ва аз ситораҳои дигар равшантар метобад. (138 калима)
Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё