Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Савол гузошта, иҷрокунандаи амали ҷумлаҳои матнро ёбед.
МУАЛЛИМИ ХИЗМАТНИШОНДОДА
Ба кӯҳҳои Боботоғ бори дигар дар фасли тобистон омадам.
Дар сояи шамолрави каппаи ҳасин нишаста, чойи кабӯд менӯшидем ва аз ин рӯ, гармиро чандон ҳис намекардем.
Муаллим Нуралӣ соли ҳазору нуҳсаду ҳаждаҳ дар Долон таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо мактаби ҳафсола, дар Душанбе курси яксолаи муаллимтайёркунӣ ва баъд Донишкадаи омӯзгориро ғоибона хатм кардааст. Ғайр аз ду соли дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданаш ҳамеша ба ҳайси муаллими таърих хизмат мекунад. Нуралӣ муаллими хизматнишондода аст. Вай қомати баланду қиёфаи дилкаш дорад.
Сӯҳбаторост, таъриху адабиётрро нағз медонад.
Дар гирду атроф заминҳои корамнашуда ҳанӯз бисёр буданд. Дар пастхамию баландиҳо рамаҳои хоҷагӣ мечариданд.
Даравгарон дар сояи каппае, ки ману Нуралӣ дар он ҷо нишаста будем, ҷамъ меомаданд. Рӯи дастархонро хел-хел меваҳои лазиз оро медоданд. Даравгарон аввал табақи пур аз шӯрборо ба мобайн гузоштанд. Дар вақти хӯрокхӯрӣ ҳам хомӯш буданд. (135 калима)
Ҳабибулло Назаров
33
Мубтадову хабари матнро муайян кунед.
ТАРҒЕЛ
Ман бо Тарғел дар хона танҳо мондам. Пагоҳаш Тарғел ҳамроҳи ман ба саҳро нарафт. Ӯ дар ҷое, ки бо Ало ҳамроҳ мехобиданд, фукашро дар рӯи ду пои пешаш монда дароз кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё