Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ба ҳар як нақли хаттӣ ду баҳо гузошта мешавад: яке барои мазмун ва тарзи баён, дигаре барои савод. Ин ҳар ду баҳо ба фанни забони тоҷикӣ тааллуқ дорад (ба истиснои ҳолатҳое, ки дониши хонанда аз фанни адабиёти тоҷик санҷида мешавад). Меъёри баҳо ба мазмуни нақли хаттӣ чунин аст:
– мутобиқати баён ба мақсад ва мавзӯи асосӣ;
– тавзеҳи пурраи мавзӯъ;
– асоснокии баён;
– саҳеҳияти мавод;
– муназзамии баён.
Дар мавриди баҳогузорӣ ба нақлҳои хаттӣ қоидаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:

  1. Гуногуннавъии калимаҳо ва сохти грамматикии ифодаи нутқ.
  2. Риояи услуби ягона ва возеҳияти баён.
  3. Миқдор ва хусусияти хатоҳо.

Талаботи асосии баҳогузорӣ ба нақли хаттӣ чунин аст:

Баҳо | Мазмун ва услуб | Сатҳи савод
---|---|--- «5» | 1. Мазмуни кор ба мавзӯъ пурра мутобиқ аст. 2. Даделҳо дурустанд. 3. Рафти баёни муназзам аст (новобаста ба нақша дорад ё не). 4. Дар кор луғати ғанӣ истифода шуда, калимаю ҷумлаҳо ба мавқеъ истифода шуданд (дар ин мавриди дониши грамматикӣ ва услубии хонандагон ба назар гирифта мешавад). 5. Кор аз ҷиҳати ягонагии услуб ва бадеият дуруст аст, вале дар мазмун як нуқсон дорад. | Як ғалат (имлой, пунктуатсионӣ ё грамматикӣ) дорад.

пешина
аз 275
навбатӣ