Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷонбахш буд. Дар пеш кӯҳи Ҳафтсар, қуллаҳояш аз барф сап-сафед, бузургворона қад кашида, ҷо-ҷо кабудча метофт. Аз пушти паҳлу бодаки серун вазида, ба димоғ бӯи хуши ипорро* меовард. Баъзан дар таги арча ё аз паси харсанг кабке «қакар-қақар» ба хониш медаромад.

Аспҳо дум ба дум таноби роҳ кашида, саворони худро, ки ҳама хомӯш буданд, якзайл пеш мебурданд. Гоҳ-гоҳе аз зери суми онҳо лой чарахса кунад, гоҳи дигар садои ба санг бархӯрдани наълҳо шунида мешуд. (148 калима)

ЛУҒАТ

ипор – гиёҳи хӯрдани, ки хушк шавад ҳам, бӯяш моҳҳо намеравад

Саттор Турсун

8

Ҷумлаҳоро хонед ва шарҳ диҳед, ки онҳо бо кадом оҳанг ифода ёфтаанд.

НУРИ ОФТОБ

Офтоб нур мерехт: ба қитъаҳои якранги пахтазор, ба шохи дарахтони нимурён, ба тани гову гӯсолаи дар лаби ҷӯй пинакрафта, ба рӯи сабзаҳои навхез ва баргҳои хазони сари роҳ. Ва вуҷуди ман ҳаловате дошт аз саховати беқиёси офтоб. Танам нурҳои онро меҷабид ва ҳис мекардам, ки рутубати рӯзҳои боронӣ аз сари гармии ҳаловатбахш ҷисму ҷонамро раҳо мекунад.

Мошинҳо дартоз мегузаштанд, бехабар аз нашъаи тирамоҳи баҳоросо, тирамоҳе, ки ранги хазону баҳор дошт. Ҳама ҷо тару тоза метофт. Борони пайдарпай чангу ғуборро шуста, бӯи дорую поруҳои ҳархела ва гарду тафи хокро фурӯ нишонда буд. Замин гӯё баъди кӯфтагии бардавоми тобистон дербоз нигарони борон буду дар ин чанд рӯзи

38

пешина
аз 275
навбатӣ