Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Матнро хонед, амал ва иҷрокунандаи онро дар ҷумлаҳо нишон диҳед. Гӯед, ки онҳоро дар забон чӣ ном мебаранд.
МОДАР
Дарди ҷонкоҳе домони модарро сахт гирифта ва аз зӯрии он аъзои баданаш суп-сурх гаштаву ҷисмаш ба ларза омада буд. Рӯйи ҷогах хобиду хешу акрабо* дар атрофаш. Бидуни нолише дандон ба дандон монда, алорағми* дард истодагӣ мекард. Вале ногоҳ хастахолона ба сӯйи дар нигариста, дар андомаш нишони ташвише падид омад ва зӯр зада мекӯшид, ки чизе гӯяд. Назди дар тифли хурдсолаш азми берун баромадан дошт. Модар чӣ мехост, касе намефаҳмид. Пас аз лаҳзае аз ҳуш рафт ӯ. Баъди кӯшишҳои зиёди табибон ва ҳазору як дорую дармон модар шифо ёфта ба по хест. Рӯзе духтари калонияш ёди он лаҳзаҳо намуда, аз модар суол кард:
– Модарҷон, ҳамон вақт, ки дарди ҷонкоҳу беамон дош-теду ҳатто ба лаб кушодан маҷолатон* набуд, сӯи дар нигариста, чӣ гуфтан мехостед?
– Ҳа, дар ёдам ҳаст, духтаракам, – посух дод модар, – он вақт ҳис кардам, ки додарҷаат аз дар баромадан мехост, вале дар тан танҳо куртаи нимостине дошту берун – хунук. (149 калима)
Абдурауф Муродӣ
ЛУҒАТ
акрабо – хешу таборон
алорағм – бар хилоф, баръакс
маҷол – қудрат, қувват

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё