Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Парасту ҷавоб медиҳад:

  • Ӯ мегӯяд, ки дар ҷаҳон аз ҳама ширин гӯшти қурбоққа аст.

Ин дам занбӯр беғокат шуда, норозиёна эътироз кардани мешавад, ки шоҳи морон аз ҷавоби парасту шубҳа карда ӯро ба даҳон меандозад. Парасту чолокона мепараду даҳони мор ба луми ӯ расида чанд парашро канда мегирад... Мегӯянд, ки қайчишакл будани думи парасту аз ҳамон замонҳост ва гурунгоси занбӯр асари безабонист, ки парасту канда буд.

...Онҳо рафтанду пас аз чанд дақиқа боз омаданд. Дар минқорашон чизе оварданд магар, ки хеле ба девор моломол намуда боз париданд. Рафту омадашон акнун бештару тезтар гашт. То бегоҳ аллакай тарҳи девори гирдае пайдо шуд.

Боз чанд рӯзи дигар гузашт. Як лонаи зебои нимдоираи вурудгоҳаш дарозрӯя бунёд шуд. Дарашро танг карданд, фақат як парасту меғунҷиду бас. Акнун соҳиблонаҳо хасу пахта ва ҳар гуна чизҳои нарм ҷамъ карданд. Корашон тамом шуда ба шодии манзили нав гӯё базм оростанд, чанд ҷуфти дигар дар атрофашон парвоз карда мегаштанд, ба муборакбодӣ меомаданд. Ҷуфт-ҷуфт, минкор ба минкор монда, ғуҷур-ғуҷур ба забони худ гап мезаданд, гӯё табрик мекарданду «лонаи баҳосият шавад» мегуфтанд. Соҳиблонаҳо ба манзили худ зуд-зуд даробаро карда, чун мизбон ба меҳмонон хурсандии худро изҳор мекарданд. Ман ҳам хурсандӣ шудам, ки онҳо дар ин ҷо чӯҷа бароварда калону паррончак мекунанд, ин мурғони одамдӯст бори нахуст бол кушода, аз айвони мо ба парвоз меоянд. Ин фоли нек аст, гуфтанд модарам ва дуо карданд, ки манзили ҳамин ҷонваракони беозор баҳосият шавад. Онҳо хайрхоҳии модарамро фаҳмиданӣ, ба назарам, ки якҷоя ба фазо парвоз карда, хаму рост шуда хуб рақсиданду ба лонаашон ворид шуданд ва чанд муддат аз он берун наомаданд.

Ман ногоҳ касал шуда мондам, муддате дар беморхона будам. Ҳар рӯз модарамро аз аҳволи парастуҳо мепурсидам.

Нағз, — мегуфтанду гапро кӯтоҳ мекарданд. Ба назарам, ким-чизеро аз ман пинҳон медоштанд. Таги ин ниҳонкорҳои модарамро баъд фаҳмидам. Ба хонаамон

пешина
аз 275
навбатӣ