Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Ризо чакмани кориашро афшонида, чорқат кард ва густурда ба паҳлуи рост дароз кашид. Торҳои дутор, ки ягона ҳамдарду ҳамрози ӯ буданд, оҳиста-оҳиста ба оҳанг даромаданд. Вай кадом таронаеро бе сухан замзама карда, ба чор кунҷи хона нигоҳ мекард. Пас аз фурсате бо як ҳаракати чолокона рост шуда, пушт ба сутуни сиёҳи байни хона гузошт ва хомӯш гардид. Ба хаёле банд буд. Аммо ҳангомаи навбатии калламушон вайро аз дарёи хаёлот раҳо кард. Чашмонашро аз милт-милти чароғи хирасӯз канда берун баромад.
Ҳавлӣ дар лаби ҷарии як канори қишлоқ буд. Аз он ҷо дараи Чанористон, манзараҳои дилрабои кӯҳистон пеши назар буданд. Шоҳу баргҳои дарахти тут рӯи ҳавлии ӯро фаро гирифта буданд. Чандсола будани он дарахтро аз сокинони деҳ касе ёд надошт. Чанд қадам дуртар, дар паҳлу сафедоре ба фазо сар кашида буд, ки шабҳои бешамолу ором ҳам баргони нуқрарангаш чун дили беқарор метапиданд.
Ризо доим шабҳои танҳоии тобистонро дар зери он дарахти тут мегузаронд.
Ризо ба хонаи тангу дилгир даромадан намехост. Вай бо хаёле аз дарвозаи яктабақа берун омад, дар рӯи сабзазори лаби ҷӯй нишасту оромона ба ҳар тарафи қишлоқ назар афканд. Ҳама ҷо торик буд, фақат аз равзанаи баъзе хонаҳо, ки дар баландию нишебиҳои канори кӯҳ бино ёфтаанд, милт-милти чароғон ба монандӣ ситораҳо ба назар метофтанд. Ав-ави сагон, шарфаи оби ҷӯйборҳое, ки аз кӯчаҳои қачу килеби қишлоқ ҷорӣ мешуданд, садои ларзиши баргони дарахтон ва овози чок-чоки паррандагоне аз ҷои дур, аз синаи кӯҳи баланде ба гӯш мерасид. Садои ғум-ғуми чархи кампири Раҳима низ шунида мешуд. Ӯ аз Ризо як ҳавлӣ поёнтар зиндагонӣ мекард.
Ҳабибулло Назаров

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо