Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1

Дар ду ҷумлаи аввали матн калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ва ҳиҷоҳоро ба овозҳо ҷудо кунед.

КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ

Аниси кунҷи танҳои китоб аст,
Фурӯғи субҳи доной китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса ойинаи ҳаёт ва калиди ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доной» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат, забон ва санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебурданд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазорсолаи то мелод марбутанд.

Дар Аврупо низ китобчонкунӣ аз варақҳои яклухт баъд ба пӯст ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Китоби муқаддаси «Авесто» низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абӯрайҳони Берунӣ, Фобрӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои

пешина
аз 275
навбатӣ