Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷунбуҷӯли инсонҳо ва равуои пайвастаи мошинҳо, шуълаи қандилҳои фурӯзон низ рафта-рафта биму ҳароси дар ҷиғари кӯҳ будани ҳамроҳони моро дур месозанд. Воқеан, инсонҳое айёми гармову сармо шабу рӯз дар чор фасли сол ҷон дар қафи даст ин ҷо барои фардоиён роҳ мекушоянд. Магар ҷон барои онҳо ширину азиз нест? Ман ба сурати хаста ва дастони коркӯфтаву шахшӯли ҳар яке ба меҳр менигарам. Маҳз онҳо меҳанпарастони асил, қаҳрамонони даврони моанд ва аз обилаи қафи даст нони ҳалол мехӯранд. Маҳз онҳо, ки бо иродаи рустамона ба сахтиву мушкилиҳо дар набарданд, сазовори ҳама эҳтирому ҷоизаҳо мебошанд. Ва наслҳои имрӯзу фардо, онҳое, ки дар таҳти кибру ғурур нишаста, бо найрангу фиреб сарвати муфт меёбанд, худнамоиву худхоҳӣ мекунанд, пеши ин фардҳои ҷонфидои даврон бояд сари таъзим фуруд оваранд. Ман ин андешаҳо дар дил, ба Ҳуҷабри кӯҳкан аз номи ҳайат изҳори ташаккур мекунам ва бо дили пур мегӯям: нақби Анзоб шоҳкории бузурги асри бисту як барои Тоҷикистон хоҳад шуд. Ва номи шумо, бародарони ҳамзабону ҳамнажоди эронии мо, ки бо ҳам ин шоҳкориро месозем, дар саҳифаҳои таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. (188 калима)

Абдулҳамид Самад

5
Фарқи зарф ва сифатҳоро гӯед.

ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ

Ҳангоми аз дили кӯҳ, аз байни обу лой ва зери чакаку шоридани об қадамзанон ба берун баромадан худ ба худ меандешам: истиқлоли роҳ барои давлате чун Тоҷикистон, ки саросар кӯҳсор аст, чизи ҳаётан муҳим мебошад. Маҳз набудани роҳҳои дуруст дар чор-панҷ моҳи фасли зимистон қатъ гардидани рафтуомад мардуми моро аз ҳам дур ва ҷудо нигоҳ дошта ба заиф шудани риштаҳои дӯстӣ, хешутаборӣ боис мешуд. Аз ин хотир, ҳоло хуб шуд, ки Президенти мамлакат

пешина
аз 275
навбатӣ