Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

2 Ҳодисаҳои фонетикии овозҳо (монандшавии овозҳо, ивазшавӣ, афтидан ва афзудан)-ро эзоҳ диҳед.

ДАР ИСТИҚБОЛИ ПАДАР

Деҳкада ақиб мемонд ва кӯтали дароз гӯё ҳеҷ охир надошт. Аз ду бари рӯям арак мешорид ва мехи таги мӯзача ба кафи поям мехалид. Овози гову гӯсола ва чакидани сагҳои деҳа тарсро аз вуҷудам берун меронд. Буттаҳои сиёҳхор ва шохаи дӯлонаҳои канори пайроҳа ҷомаамро мехарошиданд ва ман лангида-лангида боло мехазилам.

Шаб доман меафрохт, ситораҳо ягон-ягон ба истиқболам меомаданд. Оқибат ба сари кӯҳ расидам, ба теғас, ки офтоб ҳар бегоҳ дар паси он фурӯ мерафт. Аз шаҳри чароғон асаре набуд. Ҳавзи шафақандуда ва курси офтоби нурафшонро хаёле шаби тираву торик ниҳон карда. Дар поён даште буд пур аз теппаҳои ваҳмангез ва чароғе аз дур хира-хира месӯхт.

Даҳшате вуҷуди маро фаро мегирифт. Пиндоштам, ки ҷисмам дар коми торикӣ ғарқ гашт ва дар иҳотаи дӯлонаҳору буттаҳои зелол ҳайрон мондам. Садои ғоме* ба гӯшам расид, маҳлуқе фириххос зада, бо шитоб сӯям меомад. Хостам фарёд кашам, вале садои суми аспро шинохтам. Асп аз дур шиҳа кашид ва ман мадор гирифта ба истиқболи* падар шитофтам. Бӯи ошнои шаҳр дар болои зин ба машомам расид, ки олуда ба арақи тани асп саропои вуҷудамро навозиш мекард. (181 калима)

Бароти Абдураҳмон

ЛУҒАТ

ғом – қадам; шарфаи по
истиқбол – пешвоз

пешина
аз 275
навбатӣ