Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар ҷаҳдеге тутпису қурут, косаву пиёлаҳои сафолӣ, намаку намакдон, дар хурмае равғани зард, болои сандалӣ рахти хобу ду болишт ва як ҷомаи нимдошт; боз дар чангаки таги равзан сон ё ними танаи моле овезон, ки аз ҳавои сард яҳак бастааст, ҳамчунин даруни сабади овехта пора-пора нонҳои мисли тароша хушк ба дастархони резагӣ печонда. Инчунин дар мехи сутунҳо даста-даста, ҳамэл-ҳамэл пиёзу қаламфур ҳамоил; назди оташдон дар як тарафи даҳлез захираи ҳезум; зеркунанда ва табару теша барои шикастани чӯб; белу курчак барои рӯфтани барфи болои бому пеши даҳлез муҳайё. (151 калима)

Абдулҳамид Самад

19
Навъи ҷумлаҳои матнро шарҳ диҳед.

АЙЁМИ ФОРАМ

Айёми тобистон, офтоби ҷаҳонтоб бар болои сар рост баромада, кӯҳу биёбонро баробар равшан ва гарм намуда буд; лекин ҳарчанд нимрӯзии тобистон бошад ҳам, ҳавои кӯҳсор монанди айёми баҳор миёна ва форам буд; кабкҳои дарӣ гоҳо ба теға ва гоҳо дар камар сайругашт менамуданд; мурғони хушилҳон бар шохаҳои дарахтони кӯҳӣ нишаста, нағмасарой ва ғазалсарой мекарданд; ҷӯйҷаҳои оби соф, ки аз фарози кӯҳ ба нишеб аз санге ба санге ҷастухез карда мефуромаданд, аз шилдир-шилдири оҳандори худ ба мурғакони нағматироз ҳамовозӣ мекарданд; гӯсфандон дар хоби ноз; бузголагон дар ғаку тоз; чӯпонбачагон дар давидан; оҳубаррагон дар рамидан; хулоса ҳар кас, ҳар чиз ва ҳамаи табиат дар олами худ хурсанд ва шодмон буд.

Чӯпонон ва подабонон гала ва рамаҳои худро, ки аз аввали пагоҳ го нимаи рӯз чаронда сер карда буданд, дар камарҳои соярав оварда ба истироҳат гузоштанд ва худҳошон ду-ду, чор-чор ба ҳар гуна бозиҳо: найнавозиҳо, ғазалхониҳо ва бадеҳагӯйҳо машғул шуданд. (150 калима)

Садриддин Айнӣ

пешина
аз 275
навбатӣ