Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва мебинам, ки моҳи танҳо аз миёни ғарами абрҳо сӯям дуруд мегӯяд. Сафеду пурра аст рӯяш, мисоли рӯи ту ва ҳиҷоби абрҳо сарашро печонда. Не, ҳиҷоби абр нест, рӯймоли охариест, ки вақти сардиҳои субҳ ба сарат мебандӣ. Шояд резаҳои барфи нарму сабук аз хирмани сафеди осмон ба шохи чанор мерезад. Ё ғози мизон аст, ки аз шоҳаҳои чанор мехезаду дар теппачаи мазори болои чашма мепеҷад.

Бахудо, барф нест, ғози мизон ҳам нест. Ғарамҳои нарму сафеди пахтаро дар хирмани осмон паҳн кардаанд, то бихушкаду намиашон бикоҳад. Пахта мерезад аз осмон, пахтаи нарму сафеду сабук ва ғарам мешавад дар саҳни хирмани шафати пахтазор. (142 калима)

Бароти Абдураҳмон

15

Гӯед, ки ҷумлаҳои пайрав кадом аъзои сарҷумларо эзоҳ медиҳанд.

МАҲТОБ

Салом маҳтоб! Саломи маро мешунавӣ? Чаро хомӯшӣ ва бароям посухе намегӯӣ? Ё ба сукут рафтию ин ошнои деринаатро нодида мегирӣ? Шояд аз ҳусну малоҳати нотакрор ва симои нуроният меболию назарат ин сағираи рустоиро намегирад?

Ихтиёр дорӣ. Медонам, ки дар осмони баланд мақому манзалати хосае насибат гашта. Дар миёни ахтарони нурполо мехиромӣ ва фахр мекунӣ, ки ҳеҷ кадоме аз ситораҳои осмон ба пои ҷамолат намерасад. Ягонай дар ҳусну ҷамол ва партави рӯят валвалае дар миёни гирифторони ҳуснат фиканда.

Маҳтоб! Медонам, ки ту зебоӣ, вале ҳарорат дар ҷисмат надорӣ. Партават дилрабову фиребост, аммо гармие бар тани хастаҳолон намебахшад. Ту зебоӣ, аз дур зебоӣ. Дар фазои бекарона аз уфуқ то уфуқ меравӣ ва нуру зиёат асаре ба ҷони кас надорад.

пешина
аз 275
навбатӣ