Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҳоло чуноне буд, ҳамон тавр пуршӯр, гуногунзабон ва боҳашамат қомат афрохтааст.
Ҳиндувон — кӯҳи амир аз пушти бомҳои хокпӯш, гармобаҳо, мадорису хонақоҳҳо, гумбазҳои мусалсал, ки чорсуҳо бурида мегузаштанд, боло, аммо манораи масҷиди ҷомеъ аз он низ болотар сар ба фалак кашида.
Корсезҳо*, ки аз наҳри Балхоб ғизо мегирифтанд, оби ғализи мисранг доштанд ва миёни бӯстонҳои сершоҳу барг даромада нопадид мегаштанд ва дубора дар назди бораи шаҳр пайдо шуда, дар ҷӯйборҳо нағмахонон равон, замини сурхноки рустоҳои* атрофро шодоб месохтанд.
Ҷуфти гузарҳои муҷовир* то бораи шаҳр ба чашм аён буд. Дӯкондорон дӯконҳошонро мебастанд. Муҳтасиб*, ки ӯро асас* мурофиқат менамуд, аз растае ба растае гузашта, муроқиба мекард, ки тиҷорат мувофиқи фармуди пайғамбар ҳаст ё на. Дар кӯраи камонсозон оташ аланга мезад, дар растаҳои мисгарон, заргарон танини маъдан фурӯ менишаст, дар маҳаллоти аробаю таҳвораю сандуқсозон гурс-гурси путкҳо хомӯш мегашт. Аз кӯчаи дурдаст ва камодам садои суми аспони сипоҳиёни гурк, ки посбони ҳафт дарвозаи шаҳрро иваз мекарданд, ба гӯш мерасид.
Бача дар болои бом аз сармо ба худ печид ва пушт ба бод гардонд. Бурҷи аз хишти хом бардоштаи дарвозаи навбаҳор дар шафақи офтоби мағриб гулханосо медурахшид: чуноне имрӯз падари ӯ дар масҷиди ҷомеъ башорат дод, мебоист ҳамин дарвозаҳо зарбаи наҳустро дучор мегаштанд. (274 калима)
Радий Фиш
ЛУҒАТ
корезҳо ҷоҳҳо, ки обашон ба рӯи замин мебарояд
рустоҳо деҳаҳо
муҷовир наздик, ҳамсоя
муҳтасиб назораткунанда ба иҷрои аҳкоми шариати ислом
асас миршаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё