Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ман инчунин одамони пою дасташон занҷир бандро медидам, ки онҳо аз зиндони бек баромада, аз мардуми бозор луқмаи нон талаб мекарданд. Онҳо то охири умрашон дар зиндон зиндагонӣ мекарданд. Онҳо аз ҳамаи маҳбусони зиндони амир хушбахттарин одамоне буданд, ки ба бозор баромада метавонистанд. (106 калима)
Ҳабибулло Назаров

18 Ҳадафи асосии матни табрикотӣ дар кадом ҷумла ифода шудааст?

ТАБРИКОТИ ШОИР

Рафиқи азиз Мирсаид Миршакар!
Дар чунин рӯзҳои саид, дақиқаҳое, ки халқи мо туро, – фарзанди бовафо ва шоири ҳақиқатсарои худро ба ҷашни 60-солагӣ таҳниятҳо мегӯяд, мехоҳам ман ҳам ҳамовозӣ намуда, рафиқи ҷонӣ, соҳибҷашни 60-соларо танг дар оғӯш кашам ва аз гунаҳои бо оҷингҳо зинатёфтаи ту бӯсаҳои нарм ситонам.

Ҷӯраи қадрдонам Мирсаид! Рӯзҳои нав ба арсаи адабиёт қадам гузоштанамонро ба хотир дорем. Ҳама ҷавонони бетаҷриба, аз сирру асрори санъат кам хабардор будем. Лекин дили мо ҷӯш мезад, туғён мекард, мо худро сарбозони инқилоби маданӣ мепиндоштем, торафт баландтар гардидани шуълаҳои озодии халқамонро дида, ба ваҷд меомадем, ҷаҳони нави октябрбунёдро табрик менамудем ва ба аҳди он қасами вафодорӣ ёд мекардем... (110 калима)
Мирзо Турсунзода

пешина
аз 275
навбатӣ