Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Аспҳои ҷовандозҳо бесаброна сум зада замин мехарошиданд, чароғпоя мешуданд, хол он ки аспи балхарӣ сар ба замин афканда пинак мерафт.
Инак пойга оғоз шуд. Аспон монандӣ бод дартоз шуда, чанги пойгаҷоро ба осмон бардоштанд. Аз қафои ҳама дар қабати абри чанг аспи лоғари балхарӣ ҳам дартоз шуд. Даври якуми пойга ба охир расид, дуюм ва сеюмаш ҳам. Ба ҳама аён буд, ки аспҳо шалпар шуданд. Ҳарчанд ҷовандозҳо аспҳои худро тозиёнаву маҳмез мезаданд, онҳо дигар тезу тунд давида наметавонистанд. Танҳо аспи лоғари балхарӣ як хел метохт – на суст, на сахт. Аспи балхарӣ аввал ба аспҳои қафомонда расида гирифт, сипас ба аспони пешқадам баробар шуд ва баъд дар даври охирин, яъне даҳуми пойга, хатто аз онҳо пеш гузашт.
Маҷбур шуданд, ки ба гардани кашоли аспи балхарӣ нишони фирӯз – рӯймоли шоҳиро банданд. Марди балхарӣ оромона аспашро ба назди кӯзачаву хурмачаҳо бурда, молашро бор кард ва роҳашро давом дод. (308 калима)
Расул Ғамзатов
ЛУҒАТ
овар - халқиятест дар Доғистон
авул - деҳа
балхар - халқиятест дар Доғистон
3
Аз матн се ибораро ҷудо кунед ва гӯед, ки калимаи асосии ибораро кадом ҳиссаи нутқ ташкил медиҳад.
ЁДИ ҶАВОНИ
Субҳ дамида, шаҳри қадима лаҳза ба лаҳза бедор мешуд ва худро ба оғӯши гарми зиндагӣ меандохт. Хуршед аз паси кӯҳҳои сар ба фалак чеҳраи дилкаши худро намудор карда, ба мардум рӯзи нек, барори кор мехост. Заррачаҳои тиллоии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё