Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Хонед ва гӯед, ки ҷумлаҳо аз кадом ҷиҳат аз ҳамдигар фарқ доранд.
КӮҲИ ҒОЗИЁН
...Кӯҳи Ғозиёнро ба хотир овардам. Аз ҷавонӣ сатрҳои шеъри Каримдевонаро, ки ба ин кӯҳ бахшида шудааст, дар хотир дорам. Ҳар гоҳ ки мисраъҳои ин шеърро ба ёд оварда, зери лаб месароям, дар кадом қишлоқ ё шаҳр, ки бошам, дар он кӯҳ назарам ҷилвагар мешавад. Хусусан, вақтҳое, ки ба қишлоқҳои водии Ҳисор меравам, ё худ бо роҳи оинасозии вай дар вақти сафар мегузарам, кӯҳи пурасрори Ғозиён ба он ҳашамати худ пеши назар меояд ва лавҳаҳои гуногуни таърихиро ба хотир мерасонад.
Кӯҳи Ғозиён дар наздикии Ҳисори куҳна воқеъ буда, аз домани он кӯҳ дарёи Хонақоҳ ҷорӣ мегардад. Дар поёни кӯҳ дашти сӯзон мавҷуд буд, ки онро дашти Боботоғ меноманд. (107 калима)
Ҳабибулло Назаров
Ҷумлаҳои хуллас ва тафсили матнро ёбед.
ҲИСОРИ БОСТОНӢ
Дар беруни қалъа растаҳо буданд ва бозорҳо барпо мегардиданд. Аз дур дарёи пурталотуми Кофарниҳон намоён шуда, босуръат гузашта мерафт.
Ҳисор бисёр воқеаҳоро аз сар гузаронидааст. Мумкин аст дар назди ин чашмае, ки ҳоло аз пеши чойхона ҷорӣ мешавад, дар баҳори соли сесаду бисту ҳафтуми то мелоД кӯшунҳои Искандари Македонӣ, ки ӯро дар байни халқи мо Искандари Зулқарнайн меномиданд, истода бошанд. Дар худи ҳамон баҳор, мафтуни ҳусни зебои духтари Скепар Роксана гашта, ӯро ба занӣ гирифта буд, то ин ки ба ашрофони маҳаллӣ наздик шавад ва ҳукмронии худро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё