Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дошт. Бинобар ин, ҳар субҳ дасти ба осмон кушодаи модар нигаҳдори сулҳу амонист.

Ривоят мекунанд, ки Худованди ҳастӣ нахуст мардро офарид ба дунё. Сипас занро. Ва чун офаридани мард дасткори нахустинаш буд, занро аз ӯ беҳтар, накӯтар ва зеботар ба олам халқ кард.

Агар зан ҳикмати ин ривоятро дуруст дарк намояд, бояд мояи ифтихор аз зан будан бикунад. Сухан сари дуруст фаҳмидан меравад ин ҷо. Чаро баъзе занон ба қадри ҷоҳу манзалати олии худ намерасанд? Зан фаришта аст. (235 калима)
Латофат Кенчаева

20 Дар бораи ягон қаҳрамони таърихӣ маълумот диҳед.

ВОСЕЪ — ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Сотим Улуғзода яке аз нависандагони машҳури адабиёти тоҷик мебошад. Ӯ силсилаи асарҳоеро эҷод намудааст, ки ба ҳаёти халқи тоҷик бахшида шудаанд.

Яке аз романҳои машҳури таърихии ӯ романи «Восеъ» мебошад. Романи «Восеъ» ба қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ бахшида шудааст, ки Ӯ бар зидди зулми бекҳои Балҷувон шӯриш бардошта аст.

Восеъ аз кӯҳистони Балҷувон мебошад. Ӯ соли 1885 шӯришро ба уҳдаи худ мегирад. Халқи ба шӯриш бархоста мефаҳмад, ки бахту саодат танҳо ба тавассути мубориза ба даст меояд.

Шӯриш дар Бухорои Шарқӣ сар мезанаду то пойтахти он шаҳри Бухоро мерасад. Шоҳу амалдорон барои пахш кардани шӯриш ҳаракат мекунанд, вале халқ бо сарварии Восеъ, Назир, Саидқалӣ ва чанде дигарон барои бахту саодати худ ба амалдорону аскарҳои подшоҳӣ зарбаҳои ҷавобӣ мезананд. Хунрезиҳо Бухорои Шарқиро фаро мегирад. Ин хунрезиҳо чор сол идома меёбанд. Аскарони амирӣ сарвари шӯриш Восеъро дастгир карда, ба Шаҳрисабз бурда, бо фармони амир ба қатл мерасонанд.

пешина
аз 275
навбатӣ