Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ЗОГИ ЗИРАК

Ду зоғ дар лаби боме нишастанд. Яке ба замин нигоҳ кард ва се мушча дид.

Мушчаҳо рангоранг буданд: хокистаррангу сурхаку сиёҳак.

  • Қар-қар! Дар он ҷо се мушча! - хитоб кард вай хурсанд шуда.

Зоғи дигар низ ба замин нигоҳ кард. Вай ҳам мушчаҳоро дид. Аммо хурсанд нашуд. Дурудароз ба мушчаҳо нигаристу пурсид:

  • Қар-қар-қар! Ин мушчаҳо барои чӣ ноҷунбон истоданд?

  • Боз беҳтар, - ҷавоб дод зоғи якум. - Мефароему медорем! Қар-қар!

  • Э, не-е! - гуфт зоғи дуюм. - Модоме ки мушчаҳо моро дида нагурехтанд, ягон гап ҳаст.

  • Масалан, чӣ гап?

  • Онҳо дом будагистанд.

  • Чӣ хел дом?

  • Гурбае онҳоро гузошта, моро мунтазир аст. Ҳамин ки поён фуромадем, гурба аз паногоҳаш баромада моро мегирад.

Зоғи якум парида дуртар рафт. Гирду атрофи хона ва кунҷу канори ҳавлиро дида омаду гуфт:

  • Дар атроф ягон гурба нест! Ман ҳама ҷоро дидам!

  • Нағз кардӣ! Бо вуҷуди ин эҳтиёт шудан даркор. Се мушча бесабаб дар офтобрӯ ноҷунбон намеистанд. Онҳо ҳатто қар-кари моро шунида нагурехтанд.

  • Шояд онҳо кар бошанд? - тахмин зад зоғи якум.

Он гоҳ зоғи дуюм гуфт:

  • Не, онҳо кар нестанд. Балки ин се мушча ҳақиқӣ ҳам нестанд, зеро ман дар умрам мушчаҳои рангорангро надидаам. Бубин, яке сурх асту дигаре сиёҳ. Агар инҳо мушчаҳои ҳақиқӣ мебуданд, рангашон хокистарӣ мешуд.
пешина
аз 275
навбатӣ