Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Хуросону Табрез низ аз ӯст, гарчи ба наздики аҳли адаб ин ду камтар аз ҷаҳон нестанд.
Шамсиддин вуҷудаш ҳанӯз аз овони тифлӣ лабрези ишқи ҳақиқат буд ва осори бузургӣ дар ҷабинаш ҳувайдо. (224 калима)
Ҳасани Султон
ЛУҒАТ
мутаваллид — таваллуд шуд
арвоҳ — ҷамъи рӯҳ
аҷсод — ҷамъи ҷасад
9 Мубтадо ва хабари ҷумлаҳои матнро аниқ созед. Ба он ном гузоред.
ҲИКОЯТ
Овардаанд, ки козуре* бар канораи рӯде ба кори худ машғул буд. Ҳар рӯз куланге* медид, ки бар канораи рӯд нишаста, ҳайвоне, ки дар миёнаш лой бошад, мегирифт ва ба он қаноат намуда, ба ошёнаи худ бозмерафт. Рӯзе ногоҳ бошаи тезпар пайдо шуд ва кабки фарбеҳ сайд карда, порае хӯрд ва боқиро бигзошту бирафт. Куланг бо худ андеша кард, ки «ин ҷонвар бо чунон ҷуссаи хурд ҷонвардони бузургро сайд мекунад ва ман бо чунин ҳайкали бузург ба чизи ҳақире қаноат менамоям. Баъд аз ин ба чунин чизҳои ҳақир сар фуруд наёварам ва каманди қасд танҳо ба кунгураи сипеҳри баланд биафганам». Пас тарки шикори кирмон кард ва мунтазири сайди кабӯтару кабк истод. Козур аз дур тамошои ҳоли боша ва кабк карда буд. Чун куланг ва тарки шуғли худ гирифтани ӯро дид, дар ҳайрат монд ва мунтазири оқибати кор шуд. Иттифоқ кабӯтаре дар фазо падид омад. Куланг парида қасди кабӯтар кард. Кабӯтар майл ба канораи об намуда аз пеши вай даргузашт. Куланг аз ақиби ӯ фуруд омада, бар лаби рӯд биафтод ва пояш дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё