Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
писари шумо бадтар аз шумо бошад». Ҳаҷҷоҷ ханда кард ва гуфт: «— Туро бахшидам» ва ӯро тарбият кард. (222 калима)
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
8
Аз матн шумора ва ҷонишинҳоро ёбед.
ШАМСИ ТАБРЕЗӢ
Мавлоно Шамсиддин зодаи хоки поки Табрез аст. Таваллуди ӯ дар соли 582 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1186 милодӣ иттифоқ афтодааст. Номи аслии вай Муҳаммад, номи падараш Алӣ, номи бобояш Маликдод буда, Шамсиддин, Шамсулҳак — лақаб ва Шамси Табрезӣ тахаллуси ӯст.
Мегӯянд, ки падари шоир занбилбофӣ, яъне садафбофӣ мекардааст ва хеле шахси фозилу донишманд будааст. Гурӯҳе гузаштагони ӯро аз Хуросон донистаанд, ки ба мақсади тиҷорат ба Табрез омада дар ин ҷо сукунати доимӣ варзидаанд. Аз «Девони Кабир» бад-ин маънӣ, метавон ба тахмин чунин ишораҳо овард:
Гуфтам зи куҷоӣ? Тасҳар заду гуфт: «Эй ҷон,
Нимем зи Туркистон, нимем зи Фарғона.
Нимем зи обу гил, нимем зи ҷону дил,
Ниме лаби дарё, ниме ҳама дурдона».
Ва ё:
Шамсулҳаки Табрезӣ азбаски даромезӣ,
Табрез Хуросон шуд, то бол чунин бодо.
Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкира»-и худ дар ин бобат чунин мегӯяд: «... ва баъзе гуфтаанд, ки асли ӯ аз Хуросон аст ва падари ӯ ба воситаи тиҷорат ба Табрез афтод ва Шамсиддин дар Табрез мутаваллид* шуд. Ва банда мегӯяд, ки аз ҳар куҷо бошад, бошад, кор маънӣ дорад на сурат, завқ дар ошноии олами арвоҳ* аст, на дар таваллуди аҷсод*». Оре, он ки ҷаҳонро гирифта ногуфта пайдост, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё