Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

суханаш дарорам, бошад ба воситаи сухан дар рӯйи ӯ он чиз зоҳиртар шавад. Рӯ ба Лайлӣ карду гуфт:
— Лайлӣ туӣ?
Гуфт:
— Бале, Лайлӣ манам, аммо Маҷнун ту нестӣ! Он чашм, ки дар сари Маҷнун аст, дар сари ту нест... Маро ба назари Маҷнун нигар.
Маҳбубро ба назари муҳиб менигаранд.

Ҳасани Султон

11
Хабару мубтадои ҷумлаҳоро муайян кунед.

ФАЙЗИ ТИРАМОҲ

Ҳамаи фаслҳои сол, ҳатто зимистон ҳам ҳусну латофати ба худ хосе доранд. Вале дар зебоӣ ҳеҷ кадоми онҳо ба баҳору тирамоҳ баробар шуда наметавонанд. Баҳор айёми аз хоби гарон бедор шудани табиат, дар кӯҳу даман ва дашту чаман дамидани сабзаву майса, расидани бойчечаку лола, айёми кишту кор ва савти ҳазорон аст. Табиат ба ҳуснфизоӣ ва ҳусннамоӣ медарояд. Барои ҳамин ҳам баҳорро арӯси сол мегӯянд.

Оре, баҳори кишвар фаслу мавсими бисёр гуворо мебошад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ба тирамоҳи заррин баробар шуда наметавонад. Вай ба ҷуз ҳусни баркамол файзу баракати зиёд дорад, фаровонию арзонӣ меорад. Мардум дастранҷи маҳсули худро дида, меболанд, менозанд, шукрона мегӯянд, тарона мехонанд.

Шафқат Саид

пешина
аз 275
навбатӣ