Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар сари чӯяке, дар пояи чанд ниҳоли аз захри кимиё баргрехта, аммо қашқаҳояш* ҳама шукуфон, дар болои пешдомани карбосӣ як кӯдаки тахмин дусола мехобад.

Дар наздаш пораи нон, бодиринги газида, ҷумча, косаи холӣ.

Замин рутубатнок.

Ба димоғ бӯи захр меояд, ки дирӯз қариби бегоҳ, ба сар то сари ин майдон аз тайёра пошида буданд.

Зиллаи* сиёҳе ба пои урёни кӯдак менишинаду фавран часта, худро ба дигар чӯяк мезанад. Дуртар аз вай, дар шохаки ниҳол, малахи танҳое беист меҷунбад. Як ғамбусаки визвизак аз болои шиками кӯдак мегузарад. (125 калима)

Саттор Турсун

ЛУҒАТ

анвор – ҷамъи нур

қашқа – нишоне, ки ҳиндувон дар пешонӣ мекашанд; кӯкаи шукуфтаи хушки пахта

зилла – ҳашараи малахмонанд

19

Нақши пайвандаки ё-ро шарҳ диҳед.

НИЯТИ НЕК – НИМИ ДАВЛАТ

Дар урфият беҳуда нагуфтаанд: нияти нек – ними давлат. Чунки нияти кас агар холис бошад, кораш барор мегирад. Одамизод – олими маъруф аст вай, ё деҳқони хокпош, шоири мумтоз аст, ё корманди қаторӣ – бояд пеш аз ҳама накӯкор бошад... Не-е, ними давлат не, худи давлат аст накӯкорӣ! Хазинаи бепоён аст ин гуна табиати олиҷаноби инсон. Агар аз ман пурсанд, ки дар зиндагӣ, умуман дар муносибату муомилаи одамон чиро бештар меписандам, фавран ҷавоб медиҳам: сараввал накӯкориро! Зеро ин хислати ҳамида, ҳатто камёфт ҳамон воситаест, ки сангдилтарин зоти беандешаро низ охири охирон ба андеша водор месозад.

пешина
аз 275
навбатӣ