Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

мисли фарзанд ғамхорӣ ва нигоҳубинро мехоҳад.

Аввалин вохӯрии ман бо ин марди асил дар яке аз маъракаҳои ҳамдиёрон, ки ба сифати меҳмон он ҷо даъват шуда будем ба вуқӯъ пайваст. Дар он сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо Маҳкамбой доштам, беҳтарин хислатҳои хуби инсонӣ хоксориву ботамкинӣ ва нармгуфториву ҳурмату эҳтиром доштан ба хурду калонро, ман дар замири қалби ин марди некӯсиришт кашф намудам. Аз ин миён солҳо гузаштанд, мо борҳо ба дидору сӯҳбати якдигар мушарраф гардидем ва ҳар гоҳ, ки ба дидорбинии он кас меравам, чеҳраи кушод, табассуми ба худ хос ва меҳмоннавоии гармашон дар вуҷуди ман эҳсосоти хуберо бедор мекунад. Шукургузорӣ мекунам, ки дар зиндагӣ ҳастанд мардоне, ки бо хислатҳои худ, кору амали хеш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд.

Чун ин марди худо ба ин кори хайр даст задаву нақши дастони хешро дар кӯчаву хиёбон, гулгашту боғоти мардум гузоштааст, аминам, ки офаридагор ӯро дӯст дошта, ҳамеша пуштибон ва дар паноҳи хеш нигаҳ медорад.

Шояд дар ин чанд сатри иншогардида, натавонам ранҷу меҳнати ин марди бузургро ба қалам дод, зеро арзиши меҳнати дастони инсоне, ки бо обу замину ҳаво табиат, ҳаёт ва рӯзгори моро зинда ва нафаси моро муаттар месозад, мисли ҳамон табибест, ки муҳити моро табобат мекунанд ва баҳои онро ба ҳеҷ ганче натавон баробар кард.

пешина
аз 82
навбатӣ