Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Сардори дафтари матбуоти
ВКД-и ш. Душанбе
Ҷалолиддин Садридинов
РӮШАНГРИ ҚАЛБҲО ВА ДИЛҲО
Сӯҳбат бо ин марди шариф бароям аз ҳар ҷиҳат гуворо ва хотирнишин аст. Гоҳе ҳамчун падари ғамхор дар нисбати фарзандон меҳрубону дилсӯз бошад, гоҳи дигар чун устоди зиндагӣ ва пири ҳирад маслиҳатчии ҷавонону насиҳатгари наврасон ва чун шамъе мунаввар рӯшанғари қалбҳои мардум аст.
Солҳои донишҷӯӣ бо гурӯҳи ҳамкурсон ба сайри Кӯхдоман, ки дар тобеияти хоҷагии ҷангали Қамчин буд, ба тамошо рафтем. Ростӣ дидани долу дарахти атрофи роҳ ва талу теппаҳои сарсабз, ки он қадар зебо қомат рост карда, бӯи хуши арчаву заранг ва пиставу дарахтони дигар ба кас кайфияту ҳаловати хубе мебахшид, моро мафтун намуд. Ба қудрату тавоной ва мӯъҷизаи достони инсон ба қавле аз санг гул офаридаву биёбонро ба гулзор табдил медиҳад, бовариам қавитар гашта пурсидам: ин зебой ва ин таровату ҳусни дилкаши табиат маҳсули кӣ бошад ва аввалин бор номи Маҳкамбойро он ҷо аз роҳбаладе, ки моро ҳамроҳӣ дошт, шунидам. Дар талу теппаҳои беоб сабзонидану ба воя расонидани ҳар бех ниҳол корест душвор ва пурмашаққат, зеро ҳар ниҳол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё