Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Кокул Касиров директори генералии ҳудудҳои давлатии табиии махсус муҳофизатшавандаи «Парки миллии Тоҷикистон»

ДАР ДИЛУ ДИДА

Ман солиёни зиёдест, ки бо сарҷангалпарвари хоҷагии ҷангал ва боғи фарҳангӣ – истироҳатии «Ғалаба»-и шаҳри Душанбе Маҳкам Ҷӯраев дӯстӣ дорам. Акаи Маҳкам аз зумраи инсонҳоест, ки нисфи умри азизи худро сарфи роҳи бунёдкорӣ, эҳёи сарватҳои табиат намудааст. Ҳаёле шоир дар ҳаққи Маҳкам Ҷӯраев барин инсонҳои қадршиносу накӯном навиштааст:

Ҳар киро шавқу муҳаббат мешавад роҳбар
яқин,
Ӯ бувад дар ҳар куҷо боиззату болонишин.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки ман чӣ тавр, тайи солҳои 1983 – 1987 бо акаи Маҳкам ҳамкор будам.
Хаёлам аввалин сабақҳои зиндагӣ, корро аз чунин инсонҳои нек омӯхтаам.

Маҳкам Ҷӯраев соҳиби таҷрибаи бой буда,
солҳои охир бо муассисаи мо низ ҳамкории доимӣ
дорад. Чун мутахассис кору вазифаашро нағз

пешина
аз 82
навбатӣ