Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
кашидаанд. Бешак дӯстони Маҳкам Ӯӯраев бунёдкору поканд. Ҳар ниҳоле, ки ӯ шинондааст, сабз шуда ҳоло серҳосилу мевадор гаштааст.
Баъзеҳо даҳҳо бех ниҳол шинонанд ҳам, бисёрашон хушк мегарданд, аммо дастниҳолони ӯ ҳамеша пурборанд, зеро Маҳкам Ӯӯраев соҳиби дастони ҳунаррез, қалби поку дардошност. Дар шароити имрӯза дар кори ҳифзи табиат меҳнат карда, миёни мардум ва аҳли ҷангал обрӯю эътибор пайдо кардан ба ҳар кас муяссар намегардад. Ин касб аз шахс масъулияту кордонӣ, рағбату дилбастагии доимиро ба муҳити зист тақозо мекунад. Ҳамаи ин хислатҳои начиби инсониро ба шахсияти бузурги сарҷангалпарвари ботаҷриба Маҳкам Ӯӯраев нисбат додан мумкин аст.
Мо солиёни зиёдест, ки якдигарро мешиносем.
Аҷиб аст, ки ҳар гоҳе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шавам вай боз шитоб дорад. Аз паи кор ё ташвише банд буда, баъди салому алейк табассумкунон ҳолу аҳвол мепурсад. Ва чун одати дерина маро ба беша, коргоҳаш даъват месозад.
Даъваташро бо майл мепазирам, зеро сӯҳбату мулоқоти ӯро пазмон шудаам. Дил мехоҳад боз ба он мавзеи сердолу дарахт, бешае, ки сарҷангалпарвар Маҳкам Ӯӯраев обод кардааст, равем. Ба гӯшае, ки хеле орому сокит аст ва он ҷо танҳо мурғакон нағмасарой доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё