Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

нест, зеро ин марди фидоӣ як умри азизи хешро сарфи кори ҷангал, ҳифзи табиат намудааст. Аз коргари оддӣ фаъолияти меҳнатиашро шурӯъ карда, то ба дараҷаи сарҷангалпарвар расидааст. Акаи Маҳкам дар ҳақиқат дӯстдори касби худ аст ва дар ин роҳ фарзандонашро низ тарбия кардааст. Ҳоло ду фарзандаш дар паҳлӯи падар кор карда анъанаи неки ӯро давом медиҳанд.

Маҳкам Ҷӯраев дар зиндагӣ, кор дасту дили гарму пок дорад. Бо ҳамкорон хушмуомила буда, ҳамеша мекушад, ки кору амалаш як бошад. Ӯ барҳақ тамоми ҳастӣ, вуҷудашро ба кори ҷангал бахшидааст. Вай дар кори ҷангал серталаб, сахтгир аст, вале одами хоксор, нармдил ва мушфиқ мебошад.

Дӯстиву бародариро қадр карда, нону намакро пос медорад. Бешубҳа ранҷу заҳматҳои чиҳилсолаи Маҳкам Ҷӯраев дар соҳаи ҷангал беҳуда нарафтааст. Имрӯзҳо ҳам даҳҳо шогирдонаш дар хоҷагии халқ, соҳаи ҷангалпарварӣ кор карда, номи устоди худро гиромӣ доштаанд. Ва ҳар боре, ки ба хоҷагии ҷангал оянд, аввал Маҳкам Ҷӯраевро ҷустуҷӯ мекунанд, бо ӯ мулоқот карда, аз ҳолу аҳволаш хабардор мешаванд. Ба бахти мо коркунони ҷангал бигузор доим акаи Маҳкам Ҷӯраев дар паҳлӯи мо бошанд ва бо кору хизмати шоистаи худ чун номбардори табиату зебоӣ боқӣ монад.

пешина
аз 82
навбатӣ