Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Нуралӣ Худойқулов
Раиси хоҷагии ҷангал ва боғи
фарҳангиву истироҳатии «Ғалаба»-и
ҳукумати шаҳри Душанбе.
НОМБАРДОРИ ТАБИАТ
«Шодии дидан ва фаҳмидан хушбахттарин ҳадияи табиат аст.»
А.Эйнштейн
Ҳамин, ки дар Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ва ноҳия сухан аз собиқадорони меҳнат равад, одамон ҳамеша аввал номи Маҳкам Ҷӯраевро ба забон мегиранд. Зеро кори неку номи некаш ӯро соҳибэхтиром намудааст. Ба поси хизматаш муддати чиҳил сол хоҷагии ҷангалро ба номи ӯ мепайванданд.
Барои ман бисёр гуворост, ки бо чунин инсони шариф, марди кордону заҳматпеша кор мекунам.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки беш аз бист сол аст, ки ин марди накӯномро аз наздик мешиносам. То ба хоҷагии ҷангал ба кор омаданам, солҳое, ки дар ҳукумати пойтахт фаъолият доштам, ҳар замон меҳмони коркунони хоҷагии ҷангал шуда нахуст бо акаи Маҳкам вохӯрӣ мекардам. Баъдтар қисмат будааст, ки мо ҳамкор шудем. Дар бораи саҳми Маҳкам Ҷӯраев дар рушду пешрафти хоҷагии ҷангал чандин китобҳо нависанд ҳам, басанда аст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё